Муомилаи одилона дар тамоми марҳалаи таҳқиқот (тафтишот)

1. Давлати узве, ки дар қаламрави дар доираи ҳуқуқии он қарордошта шахси дар содир намудани ҳама гуна ҷиноятҳои дар моддаи 4 зикргардида гумонбаршуда ошкор шудааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 5, агар он ҷинояткорро насупорад, ин парвандаро ба мақомоти салоҳиятдори худ барои таҳқиқоти судӣ ирсол менамояд.

2. Ин мақомот ҳамон тавре ки дар ҳолати ҷинояти муқаррарии ҷиддӣ мутобиқи қонунгузории ин давлат қарор қабул карда мешавад, қарор қабул менамояд. Дар ҳолатҳои дар банди 2 моддаи 5 номбаршуда, талаботе, ки нисбати далелҳои барои таҳқиқи судӣ ва маҳкумкунӣ зарур буда пешниҳод карда мешаванд, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд нисбат ба он талаботе, ки дар ҳолатҳои дар банда 1 моддаи 5 зикргардида тақозо мегарданд, сабуктар бошанд.

3. Ба ҳама шахсе, ки нисбати ӯ бинобар ҳама гуна ҷиноятҳои дар моддаи 4 зикргардида таҳқиқоти судӣ анҷом дода мешавад, муомилаи одилона дар тамоми марҳалаи таҳқиқот (тафтишот) кафолат дода мешавад.

Моддаи 7-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NoTorture.Tj