Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Як гурӯҳ маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт ба TojNews телефонӣ муроҷиат карда, аз иҷро нашудани талаботи қонун дар ин муассиса изҳори нигаронӣ карданд.
Бино ба қавли ин маҳбусон, феълан дар ин муассиса ҳудуди 150-200 нафар дар низоми нисбатан сахт нигоҳдорӣ мешаванд, ки аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро паси сар карда, мебоист ба колонияҳои сукунатӣ интиқол дода шаванд.
- Тибқи қонунҳо дар бораи иҷрои ҷазои ҷиноии Тоҷикистон маҳбусоне, ки аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро паси сар кардаанд, бояд аз муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр ба колонияҳои сукунатӣ интиқол дода шаванд ва шароити онҳо бояд нисбатан сабуктар гарданд. Инро қонун барои ислоҳ шудани онҳо ва ба муносибати ҷамъиятӣ мутобиқ шуданашон пешбинӣ кардааст.
Ҳоло аз 1400 нафаре, ки дар ин муассисаи ислоҳӣ нигоҳдорӣ мешаванд, ҳудуди 150-200 нафар муҳлати заруриро барои интиқол ёфтан ба колонияҳои сукунатӣ дар маҳбас паси сар кардаанд, аммо муроҷиатҳои мо ба прокурор дар ин бора ягон натиҷа надод. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки бо истифода аз расонаҳо ба президенти Тоҷикистон муроҷиат кунем, - мегӯянд маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт.
Онҳо мегӯянд, эътимод доранд, ки муроҷиати онҳо ба президент Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун кафили озодиҳо ва ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, билахира риояи ҳуқуқи онҳоро таъмин хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Тоҷикистон аз муроҷиати мазкур изҳори беиттилоӣ карданд.
Парвин Ализода, сухангӯи сарраёсат гуфт, дар бораи муроҷиати маҳбусон ба президент Эмомалӣ Раҳмон ё нафари дигар хабар надорад.
Роҳбарияти муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе иддаои маҳбусонро рад намекунанд. Онҳо мегӯянд, аз муроҷиати маҳбусон ба Эмомалӣ Раҳмон хабар доранд. Аммо тибқи талаботи қонуни дохилии маҳбас, маҳкумшудагон ба муроҷиати дастаҷамъона ҳуқуқ надоранд ва бояд муроҷиати ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ ба маъмурияти муассиса расида, баъдан расман ба президент ирсол шавад.
Сабаби таъхири интиқоли маҳбусонро ба колонияҳои сукунатӣ бояд аз прокурор пурсед, - мегӯянд дар муассисаи ислоҳии №1.
Дар Прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ба TojNews аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд.
Дар вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, аз муроҷиати ин маҳбусон хабар надоранд.
Ва дар ҳамин ҳол, дар суҳбат бо хабарнигори TojNews масъули ин вазорат, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ин маҳбусон ба эҳтимоли зиёд бино ба риоя накардани талаботи дохилии маҳбас ҷазо дода шудаанд ва бинобар ин, нисбати онҳо талаботи қонун татбиқ нашудааст.