Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар Тоҷикистон дар замони пандемияи коронавирус чораҳои зиддиэпидемӣ пурзӯр карда шуда буданд. Дар ин бора дар нишасти матбуотии вобаста ба натиҷаҳои соли 2020 вазири адлияи ҶТ Музаффар Ашӯриён иттилоъ дод.
Музаффар Ашӯриён дар шарҳи суоли рӯзноманигорон марбут ба вазъи паҳншавии сирояти коронавирус дар муассисаҳои пенитенсиарии Тоҷикистон оид ба риояи чораҳои қатъии гигиенӣ изҳори назар кард: «Вазъият таҳти назорат аст. Дар ҳамаи муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон меъёрҳои санитарӣ-гигиении тавсиядодаи Вазорати тандурустии кишвар барои пешгирии COVID-19 қатъиян риоя мешаванд. Аз ҷумла, як давраи муайян мулоқоти маҳбусон бо хешовандонашон маҳдуд карда шуда буд».
Дар посух ба суол нисбати фавт, Музаффар Ашӯриён зикр намуд, ки аз пневмония соли гузашта 11 нафар маҳбус фавтидаанд. «Маҳбусон санҷиши маҷмуии коронавирус нагузаштаанд. Аммо дар он ҳолатҳое, ки гумонбарӣ ба беморшавӣ ба миён омадааст, тесту ташхис гузаронида шудааст»,- илова намуд вазири адлияи Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, таъдоди фавт дар Тоҷикистон дар соли 2020 назар ба соли 2019 ба 8643 ҳолат зиёд шудааст.
Мувофиқи маълумоте, ки аз ҷониби сардори Раёсати бақайдгирии асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлия Саодат Сироҷзода садо дод, дар Тоҷикистон дар соли 2020-ум 41 ҳазору 693 ҳолати фавт (дар соли 2019-ум 33 050 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст.
ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»