Намояндагони ВКД дар суд ба Саодат Кулиева ҳамдардӣ баён карданд

Имрӯз, 5-уми апрел Суди ноҳияи И. Сомонӣ баррасии аризаи даъвогии Саодат Кулиеваро нисбати Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии ҶТ идома дод.

Суд бо ташаббуси худ баррасии парвандаи шаҳрвандиро дар робита ба дархости маводи парвандаи ҷиноятӣ оид ба марги Хуршед Бобокалонов бо мақсади омӯхтан ва арзёбии далелҳои тарафҳо боздошт.

Тавре адвокат Абдураҳмон Шарипов хабар дод, имрӯз, 5-уми апрел дар Суди ноҳияи И. Сомонӣ баррасии даъвои Саодат Кулиева нисбати ҷавобгарон - Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон доир гардид.

«Дар оғози мурофиаи судӣ намояндагони ВКД ҶТ ба даъвогар Саодат Кулиева дар робита ба марги писараш Хуршед Бобокалонов изҳори ҳамдардӣ карданд»,- гуфт Абдураҳмон Шарипов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мурофиаи судӣ Саодат Кулиева иддаои худро тасдиқ кард, вале ҷониби ҷавобгарон даъворо дастгирӣ накарда, аз додгоҳ талаб намуд, ки он рад карда шавад.

Суд даъвогар Саодат Кулиева ва адвокати ӯ Абдураҳмон Шариповро пурсид. Дар суд инчунин намояндагони ВКД ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон баромад карданд.

“Суд бо ташаббуси худ баррасии парвандаи шаҳрвандиро дар робита ба дархости маводи парвандаи ҷиноятӣ оид ба марги Хуршед Бобокалонов бо мақсади омӯхтан ва арзёбии далелҳои тарафҳо боздошт. Оид ба санаи таъини мурофиаи судии навбатӣ суд ба тарафҳо иловатан хабар медиҳад”,- зикр намуд Абдураҳмон Шарипов.

Ёдовар мешавем, ки 22-юми феврал Саодат Кулиева ба суд бо даъвои ҷуброни зарари маънавӣ дар робита ба тафтиши бесамари ҳолати марги писараш Хуршед Бобокалонов ва иҷро нагардидани тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кард.

Дар аризаи даъвогӣ гуфта мешавад, ки тафтиши далели марги Хуршед Бобокалонов санаи 27-уми июни соли 2009 бесамар буд ва аз соли 2009 то 2012 парванда зиёда аз ҳафт маротиба қатъ шуда, дар амали кормандони милитсия нишонаҳои ҷиноят муайян нагардид.

«Ҳимояи писари ман Хуршед Бобокалонов аз шиканҷа, инчунин тафтиши саривақтӣ ва беғаразона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда нашудааст»,- омадааст дар аризаи даъвогӣ.

«Аз додгоҳ хоҳиш менамоям, ки ҳуқуқи маро барои талаб кардани ҷуброни зарари маънавӣ дар робита ба тафтиши бесамари ҳолати марги писарам Хуршед Бобокалонов ва иҷро нашудани тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ эътироф намояд. Талаб дорам, ки ВКД ҶТ ва Прокуратураи генералии ҶТ зарари маънавии расонидашударо ҷуброн намоянд»,- гуфтааст Саодат Кулиева дар аризаи даъвогии худ.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»