Натиҷаҳои фаъолияти гуруҳи расонаӣ дар соли 2021

Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон фаъолияташро дар соли 2021 натиҷагирӣ кард.

АКСИЯҲО, НАМОИШГОҲҲО, ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА 26-УМИ ИЮН

Аз 26-уми май то 26-уми июни соли 2021 Эътилоф дар доираи аксияи «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» силсилаи чорабиниҳоро гузаронид. Мақсади асосии аксия: Чӣ тавр метавон вазъиятро беҳтар сохт? Роҳ яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён - бо зўроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рўзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гўянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Футболкаву бейсболкаҳо бо шиори «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» («Я за искоренение пыток!», I am for the elimination of torture!) бо логотипи Эътилоф ва БРСММ омода гардиданд, ки дар чорабиниҳои Эътилоф ройгон тақсим карда шуданд.

Барномаи мустақими радиоӣ: «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам

Барномаи мустақими радиоии «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» 28-уми апрели соли 2021 дар радиои Asia-Plus бо барандагии Орзу Исоев дар барномаи «Меҳмон дар студия» садо дод. Барномаи радиоӣ ба талошҳои давлат барои иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа бахшида шуда буд. Коршиносон инчунин ба суолҳои радиошунавандагон посух доданд. Дар ҳамин мавзуъ 30-юми апрели соли 2021 барномаи видеоӣ бо барандагии Манижа Қурбонова омода карда шуд. Ба ҳайси коршинос Абдураҳмон Шарипов - узви Эътилоф ва Гулгуна Шозодаева - ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» баромад карданд.

Барномаи радиоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

Рӯзи 14-уми июн дар радиои «Ватан» барнома бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии СММ ба дастгирии қурбониёни шиканҷа пахш гардид.

Мутахассисони Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба кори худ, дар мавриди тағйиротҳое, ки Тоҷикистон бо мақсади барҳам додани шиканҷа ва беҷазоӣ дар кишвар амалӣ менамояд, сухан гуфта, ба саволҳои радиошунавандагон посух доданд.

Машваратҳои ҳуқуқии сайёр

7-уми майи соли 2021 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе машваратҳои ҳуқуқии ройгони сайёр гузаронид. Машварати ҳуқуқии ройгонро ба шаҳрвандон ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - Сайфуллоев Салимҷон, Исоев Хушбахт, Шарипов Абдураҳмон, Ҳаитов Салимҷон ва Шозодаева Гулгуна ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев расониданд. Шаҳрвандоне, ки барои машварати ҳуқуқӣ муроҷиат карданд, асосан ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳуқуқи муҳоҷирон дар давраи пандемия, ҳуқуқ ба манзил ва оила таваҷҷуҳ зоҳир намуда, донишҷӯёни донишгоҳҳо оид ба муносибатҳои меҳнатӣ ва хизмати ҳарбӣ суол доданд.

HUMAN RIGHTS TALK «кӯшиши донистан - оид ба ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа!»

11-уми майи соли 2021 ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки узви Эътилофи ҷомеви шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, QUIZ HUMAN RIGHTS TALK «кӯшиши донистан - оид ба ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа!»-ро ташкил кард. Дар чорабинӣ шаш дастаи ҳар кадомаш иборат аз 5 нафар иштирок карданд. Зиёда аз 50 нафар мактаббачаҳо, донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо ҷамъ омаданд. Дар анҷоми КВИЗ 3 дастаи беҳтарин муайян ва соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Бозии дӯстона ба дастгирии қурбониёни шиканҷа

16-уми майи соли 2021 дар майдони футболи «Душанбе Арена» миёни дастаҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба дастгирии қурбониёни шиканҷа ва хешовандони наздики онҳо бозии дӯстонаи мини-футбол баргузор гардид.

Бозӣ бо ҳисоби 7:3 ба фоидаи дастаи футболи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба поён расид, ки бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 2200 сомонӣ сарфароз гаштанд. Инчунин, барои руҳияи варзишӣ ва муносибати дӯстона ҳангоми бозии дӯстона сипоснома тақдим карда шуд. Футболбозон футболкаҳои тақсимшударо бо навиштаҷоти «Ман муқобили шиканҷа ҳастам!» ба бар намуда, бо ин мавқеи шаҳрвандиашонро нисбати мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона нишон доданд.

Мусобиқаи мубоҳисавии «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам

30-юми майи соли 2021 дар Маркази омӯзиши забони олмонии «DEX» мусобиқаи мубоҳисавии «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» баргузор гардид. Дар мусобиқа 16 даста бо шумули ду нафар аз ҳайати хоҳишмандон (ҳамагӣ 32 нафар), 6 довар ва 7 тамошобин иштирок карданд.

Намоиши аксҳои «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам

15-уми июн дар шаҳри Душанбе намоиши аксҳои «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» баргузор гардид. Он ба мардонагиву шуҷоати нафароне бахшида шуда буд, ки наздикони худро аз даст додаанд. Сарфи назар аз ҳама монеагиву душвориҳо, онҳо батамом боварӣ доранд, ки гунаҳгорон қонунан ҷазо мегиранд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ВАО, хешовандони фавтидагон ва онҳое, ки нисбати масоили шиканҷаи шаҳрвандон бетафовут нестанд, иштирок карданд. Дар намоишгоҳи аксҳо 26 қиссаи қурбониёни шиканҷа пешниҳод гардид. Инҳо парвандаҳое ҳастанд, ки аз рӯяшон Эътилоф давоми чанд соли охир корбарӣ кардааст.

Чорабиниҳои махсус

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа матолиби махсус таҳия карда шуданд, ки ҳамаи онҳо дар торнамои Эътилоф пахш гардиданд, аз ҷумла:

1. Оё шиканҷа ҳодисаи нодир аст ё аз ҳарф задан дар бораи он метарсанд?

https://notorturetj.org/news/pytki-redkoe-yavlenie-ili-o-nih-boyatsya-govorit

2. Офиятбахшӣ пас аз шиканҷа: чӣ гуна бояд "муаммоҳо" -ро баъди зарари расида бартараф кард?

https://notorturetj.org/news/reabilitaciya-posle-pytok-kak-slozhit-pazly-posle-perenesennogo-uzhasa

3. Имкониятҳои расонаӣ барои мубориза бо падидаи шиканҷа

https://notorturetj.org/news/mediavozmozhnosti-v-borbe-s-fenomenom-pytok

Озмуни «Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа»

Эътилоф озмуни расмҳоро дар мавзуи «Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа» ташкил намуд, ки миёни ҳамаи хоҳишмандон, аз ҷумла рассомон, тарроҳон ва дигар нафарони ихтисосҳои эҷодӣ гузаронида шуд. Маҳдудияти техникиву матолиб вуҷуд надошт. Ҳамагӣ 12 расм аз иштирокдорони аз 7 то 24-сола ворид гардид. Тасмим гирифта шуд, ки ҳамаи иштирокдорон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шаванд. Ҳамаи корҳоро метавонед дар торнамои мо - www.notorturetj.org бубинед.

Тренинг барои ҷавонони фаъол

25-уми июн дар Душанбе тренинги «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» доир гардид, ки дар он зиёда аз 20 нафар фаъолони ҷавони пойтахт иштирок карданд. Тренингро адвокати Эътилоф Абдураҳмон Шарипов гузаронид. Тренинг ба стандартҳои Конвенсияи зидди шиканҷа ва қонунгузории миллӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа бахшида шуда буд.

Китоби «Тақдирҳои шикаста, умрҳои рабуда»

Эътилоф ҳамасола дар остонаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа тайи як моҳ қиссаҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро нашр мекунад. Мутаассифона, ҳамасола аз ҷониби Эътилоф далелҳои нави шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба қайд гирифта мешаванд. Соли 2021 ба китоб 10 қиссаи нав илова карда шуд, ки Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар панҷ соли охир аз рӯйи онҳо кор бурдааст. Даҳ қисса дар бораи дардҳо, тарс ва беҷазоӣ. Адвокатҳо гоҳо тавонистанд парванда қатъ гардидаву нафари бегуноҳ аз ҳабс озод шавад, гоҳе ба он ноил гардиданд, ки гунаҳгорони истифодаи шиканҷа ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд. Муаллифи китоб Наргис Ҳамробоева ва суратгир Нозим Қаландаров дар минтақаҳо гаштаву бо қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо вохӯрда, хотироташонро навиштанд, дардҳову орзуҳояшонро қисса карданд.

ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Дар доираи иқдоми 10-рӯза таҳти шиори “Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!”, ки аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд, чорабиниҳои зерин гузаронида шуданд:

Барномаи радиоӣ: 2-юми декабри соли 2021 давоми як соат, аз соати 17:00 то 18:00 дар мавҷи мустақими Asia-Plus барномаи ««Mix show»: Қонун ва ҳуқуқ» доир гардид. Ба ҳайси коршиносон ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» Абдураҳмон Шарипов ва ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» Салим Сайфуллоев (ҳарду ташкилот ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дохил мешаванд) баромад карданд. Онҳо дар бораи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон сухан гуфта, ба саволҳои шунавандагон посух доданд.

Мақсади чорабинӣ роҳандозии фаҳмиши хислати умумии ҳуқуқи инсон аст. Бо дарназардошти саволҳои шунавандагон, ба хулоса омадан мумкин аст, ки чунин барномаҳо барои ба вуҷуд овардани таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон мусоидат менамоянд. Барномаи радиоӣ аз се қисм иборат буд: пешниҳоди маълумот оид ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, машварати ҳуқуқии онлайнӣ ва саволуҷавоб бо шунавандагон.

Discussion Day: 4-уми декабри соли 2021 дар маркази “Parking” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон «Discussion day» гузаронида шуд. Ба ҳайси ташкилотчиёни чорабинӣ аъзои ГТҶ «ҲРУ-Тоҷикистон»-и назди ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» баромад карданд.

Иштирокдорон аз ҷумлаи ҷавонон ва фаъолон ин масоилро баррасӣ намуданд, ки одамон чӣ ҳуқуқҳо доранд ва кадом ҳуқуқҳо ҳатмӣ ба шумор мераванд. Инчунин, иштирокдорон масоили озодӣ аз шиканҷаву муносибати бераҳмона ва ҳуқуқ ба манзили дастрасро баррасӣ карданд. Баъди баррасиҳо барои иштирокдорон даври мубоҳисавӣ гузаронида шуд, ки он дар шакли парлумонии бритонӣ сурат гирифт. Пас аз баромади ҳама сухангӯён, бо роҳи овоздиҳии тамошобинон дастаи «Раддияҳои хотимавӣ» ғолиб дониста шуд. Мубоҳисони фаъол ба сифати туҳфа соҳиби флешка гардиданд.

2 дар 1: машваратҳои ҳуқуқии сайёр ва эдвокасии COVID-19: 3-юми декабри соли 2021 Эътилоф дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳо дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе машваратҳои ҳуқуқии сайёри ройгон гузаронид. Шаҳрвандони муроҷиаткарда зикр намуданд, ки барои ба даст овардани машваратҳои касбии ҳуқуқӣ душворӣ эҳсос мекарданд ва барои машваратҳои ҳуқуқии ройгон расонидашуда изҳори сипос намуданд.

Машваратҳои ҳуқуқии сайёр ва эдвокасии COVID-19 дар Бохтар, Ҳисор ва Турсунзода: 6-уми декабри соли 2021 Эътилоф дар якҷоягӣ бо Коллегияи адвокатҳои шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар ва НТМ (шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода) машваратҳои хуқуқии сайёри ройгон гузаронид.

Матолиби махсус:

Донистан муҳим аст! Озодӣ аз шиканҷа: ҷанбаҳои калидӣ

https://notorturetj.org/news/vazhno-znat-svoboda-ot-pytok-klyuchevye-aspekty

Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи ҳатмии ҳар як инсони сайёра мебошад. Дар ин маҷмуа пешниҳод менамоем, ки бо ҷанбаҳои калидии ҳуқуқи байналмилалӣ оид ба нақзи ҳуқуқи одамоне, ки мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор доранд, шинос шавед.

Донистан муҳим аст! Мубориза бо шиканҷа дар қонунгузории Тоҷикистон

https://notorturetj.org/news/vazhno-znat-protivodeystvie-pytkam-v-zakonodatelstve-tadzhikistana

Дар ин маҷмӯа пешниҳод менамоем, ки бо ҷанбаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона шинос шавед.

Шиканҷа - нақзи ҳуқуқи инсон!

https://notorturetj.org/news/pytki-narushenie-prav-cheloveka

Дар ин матлаб ҳуқуқшиносон доир ба як қатор масъалаҳои марбут ба истифодаи шиканҷа, ки бештари вақт шаҳрвандон мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳанд, изҳори назар кардаанд.

Рӯзи ҳуқуқи инсон: шиканҷа манъ аст!

https://notorturetj.org/news/den-prav-cheloveka-stop-pytkam

10-уми декабр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи ҳуқуқи инсон қайд карда мешавад. Ин рӯз ёдоварӣ мекунад, ки шаъну шарафи инсон умумӣ ва манъи шиканҷа ҳатмист.

Ҳимоятгарони ҳуқуқи Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсонро чӣ гуна қайд мекунанд?

https://notorturetj.org/news/kak-pravozashchitniki-tadzhikistana-otmechayut-vsemirnyy-den-prav-cheloveka

Ин рӯз ба мо хотиррасон мекунад, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон стандарти ягонаест, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бояд ба он саъй кунанд. Ин рӯз бо мақсади муттаҳид кардани саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи ҳар кас барои шунидани овоз таҷлил карда мешавад. Дар навбати худ ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон низ дар остонаи ин ҷашн чорабиниҳои мухталиферо бахшида ба масоили ҳуқуқи башар баргузор мекунанд.

Тақвим барои соли 2022 дар мавзуи «Озодӣ аз шиканҷа»

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои соли 2022 дар мавзуи «Озодӣ аз шиканҷа» тақвимҳои девориву рӯимизӣ нашр карда, онҳоро миёни шарикону ҳамкорон паҳн намуд. Дар ҳар саҳифаи ҷуфти тақвим маълумот оид ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона (мувофиқи стандартҳои байналмилаливу миллӣ шиканҷа чист, барои чунин амали ҷинояткорона чӣ гуна ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст ва ғайра), инчунин рақамҳои телефонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва телефони боварии Эътилофи зидди шиканҷа, ки тариқи он дар тамос шудаву дар бораи ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона хабар додан мумкин аст, ҷой дода шудааст. Ба тақвим инчунин экосумка бо рамзи Эътилоф ва навиштаи «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» илова гардидааст.

Вохӯриҳои иттилоотӣ бо ҷавонони Суғд

Ташкилоти ҷамъиятии «Ибтидо» («Начало») - узви нави Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бо ҷавонони вилояти Суғд як қатор вохӯриҳои иттилоотӣ гузаронид. Вохӯриҳо дар American space дар шаҳрҳои Хуҷанд (8-уми декабр), Исфара (10-уми декабр) ва Панҷакент (12-уми декабр) доир гардиданд. Мақсади чорабинӣ маълумотноксозии ҷавонон дар мавриди ҳуқуқҳои инсон, механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва дарки арзишнокии ҳуқуқи инсон ба шумор мерафт.

Дар чорабиниҳо зиёда аз 100 нафар ҷавонон иштирок карданд. Барномаҳои чорабиниҳо дар ҳар се шаҳр яксон буданд - барои иштирокдорон филми кӯтоҳмуддат оид ба таърихи ҳуқуқи инсон ва қабули Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон намоиш дода шуд, маърӯзаи кӯтоҳ дар мавриди ҳуқуқи инсон ва шартҳои ону механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон гузаронида шуда, бозиҳову озмунҳо роҳандозӣ гардиданд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ барои иштирокдорон дар заминаи Kahoot бо 20 савол оид ба ҳуқуқи инсон онлайн-квиз гузаронида шуда, иштирокчиёни дорои натиҷаҳои беҳтарин соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Инчунин озмун эълон карда шуд: иштирокдорон бояд дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграм» нашрҳо коштаву иштирокашонро дар чорабинӣ зикр менамуданд ва хештеги #ДеньПравЧеловека #Начало #Ибтидо мегузоштанд. Зиёда аз 35 чунин матлаб пахш гардида, 15 нафаре, ки барои нашрҳояшон баҳои бештар гирифтанд, соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

РОҲНАМОИИ РАСОНАИИ ФАЪОЛИЯТИ ЭЪТИЛОФ

Давоми моҳҳои январ-декабри соли 2021 аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ 460 матлаб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пахш карда шуд.

Кулли матолиб дар торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - www.notorturetj.org ҷойгир карда мешаванд, ки сарчашмаи аввалияи пешниҳоди иттилооти босифат ва воқеӣ оид ба масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва беҷазоӣ ба шумор меравад. Аз ҷумла, расонаҳои пештози Тоҷикистон аз манобеи Эътилоф иттилоъ нашр мекунанд ё иқтибос меоранд.

Эътилофи зидди шиканҷа ба кор бо ВАО оид ба инъикоси мушкилоти шиканҷа ва таъсиси сиёсати «таҳаммулпазирӣ» ба шиканҷа таваҷҷуҳи зиёд медиҳад. Инъикоси ҳолатҳои инфиродии истифодаи шиканҷа ва ҷараёни мурофиаҳои судӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқи милливу байналмилалӣ ба ин масоил ва муттаҳидсозии талошҳои онҳо баҳри мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ мусоидат менамояд.

Фаъолияти гуруҳи расонаӣ ба инъикоси системавии фаъолияти Эътилоф, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва ҷалби аҳолӣ ба мубориза бар зидди шиканҷа тавассути ВАО равона гардидааст.

Бо ин ва дигар мавзуҳо метавон дар торнамои мо ва саҳифаҳои иҷтимоиямон шинос шуд:

Торнамои мо: http://notorturetj.org/

Дар Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Дар Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Дар Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Дар Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Дар Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Дар Теллеграмм: http://t.me/notorturetj

Дар Инстраграмм: notorture.tj

NoTorture.Tj