То Наврӯз маҳбусон аз маҳбаси №1-и пойтахт ба маҳбаси нав дар шаҳри Ваҳдат гузаронида мешаванд

Дар Тоҷикисон тӯли як моҳ то ҷашни Наврӯз маҳбусони муассисаи ислоҳотии №1-и пойтахтро ба маҳбаси шакли нав барои маҳбусони муҷрим дар содири ҷиноятҳои хислати террористӣ дошта, ки дар шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст, мегузаронанд.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии (СРИҶҶ) Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, «корҳои сохтмонӣ дар бино ба анҷом расидаанд». «Сохтмони бино ба анҷом расид, ҳама чиз омода аст ва тӯли як моҳи то Наврӯз маҳбусонро аз муассисаи №1-и пойтахт ба маҳбаси нав мегузаронем»,- гуфт сардори СРИҶҶ.

Ҳамзамон, ӯ илова намуд, ки СИЗО ҳоло дар ҷои худ меистад. «Тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) ҳоло дар ҷояш меистад. Дар муассисаи нав ҷой барои ҳамаи маҳбусону маҳбаси №1 ва онҳое, ки дар СИЗО қарор доранд, намерасад. Тавқифгоҳ аз пойтахт кӯчонида мешавад ё не, ҳоло маълум нест»,- афзуд Умаров.

Инчунин, айни замон маълум нест, ки тақдири маҳбаси куҳна чӣ мешавад. Аллакай аз моҳи июли соли гузашта қисми асосии корҳо анҷом ёфта буданд ва Мансурҷон Умаров ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки сохтмон моҳҳои сентябр-октябр ба охир мерасад. Аммо он замон интиқоли маҳбусон бо сабаби паҳншавии коронавирус дар кишвар ба таъхир гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки оид ба сохтмони маҳбас барои маҳбусони муҷрим ба содири ҷиноятҳои хислати террористӣ дошта Мансурҷон Умаров 20-уми ноябри соли 2020 дар «Форуми пенитенсиарӣ» хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа аз ҷониби мақомоти марбута дар якҷоягӣ бо мутахассисони институти лоиҳавӣ бо дарназардошти талаботи стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардида буд.

Айни замон дар Тоҷикистон 19 муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ амал мекунанд, ки аз онҳо 13 адад муассисаҳои ислоҳотӣ ва 6 адад ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс мебошанд.

Asia-Plus