"Облава"-и ғайриоддӣ дар Восеъ

Мақомоти ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ як баҳси оилавиро аз тариқи ба артиш сафарбар кардани шавҳари ҷавон "ҳал" кардааст.

Ҳамсари Абдулҳаким Шукуров, сокини деҳаи Нонҷемасти ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, барои ҳалли муноқишаи оилавӣ ба идораи ҷамоат муроҷиат кард ва идораи ҷамоат баҳси оилавии онҳоро бо ирсоли Абдулҳаким ба артиш "ҳал" кардааст.

Абдулмаҷид Шукуров, падари Абдулҳаким, рӯзи 12 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки як корманди ҷамоат писари 26-солаашро барои баррасии баҳси хонаводагии ӯ бо ҳамсараш даъват карда буд. Аммо онҳо баъди як рӯз огоҳ шудаанд, ки писарашонро ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд.

Ӯ мегӯяд, ҳоло аз ин кирдори корманди идораи ҷамоат ба додситонии ноҳия шикоят бурд, вале додситон ин моҷароро ба додситонии ҳарбӣ ҳавола кардааст.

Шукуров гуфт, "ба раиси ҷамоат гуфтам, ки чаро бидуни огоҳӣ писари маро мебаред, дар ҷавоб гуфт, ки даъватнома додаем. Ба прокуратураи ноҳияи Восеъ ариза навиштам, аммо ӯ гуфт, ки ин аризаро ба прокуратураи ҳарбӣ равон мекунам, ҳоло аз ин прокуратура ягон ҷавоб наомадааст."

Кормандони ҷамоати Худоёр Раҷабов иҷборан ба хидмати аскарӣ ҷалб шудани Абдулҳакимро рад мекунанд. Ҷамолиддин Икромов, раиси ҷамоат, рӯзи 12 апрел ба Озодӣ гуфт, ки онҳо Абдулҳакимро тариқи даъватнома сафарбар кардаанд. Ҷаноби Икромов эътироф кард, ин ҷавон дар ҳоле ба хидмат сафарбар шуд, ки бо ҳамсараш баҳси хонаводагӣ дошт. 

Ҷамолиддин Икромов мегӯяд: "Ин ҷавон бо ҳамсараш баҳс мекунад, ҳамсараш қаҳр карда меравад ва хонаводаи ин духтар ба ҷамоат омада шикоят карданд. Мо миёни ду хонавода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидем, аммо ин моҷаро хотима наёфт ва бародари духтар омада, домодро бо корд зада зиндонӣ шуд. Мо ба ин писар даъватнома дода ба хидмат бурдем, ки шояд ин моҷаро хотима ёбад ва баъди бозгашти ӯ оила боз дуруст шавад."

Баҳси хонаводагӣ миёни шавҳар ва зан дар ҳоле сар мезанад, ки ҳамсари Абдулҳаким Шукуров талаб мекунад, ки рафта дар шаҳр хона бунёд кунад, аммо ҳамсар ба далели надоштани пул мехоҳад дар деҳа хона бисозад. Ин баҳси зану шавҳар бо кордзанӣ, зиндонӣ шудани бародари зан ва ҷалби шавҳар ба хидмати артиш анҷом ёфт.

Ozodi