Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе муҳокимаи Фаррух Бозоровро шурӯъ кард, ки ба қатли ҳамхидмати ҷавонаш муттаҳам мешавад.
Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе таҳқиқи ҳодисаи марги сарбози қисми ҳарбии Вазорати дифоъ (воқеъ дар ҷамоати Сағирдашт) Парвиз Дӯстматовро оғоз карда ва ҳамхизмати ӯ Фаррух Бозоровро ба маҳкама кашидааст.
Мукаррама Дӯстматова, модари Парвиз ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи ҳарбӣ рӯзи душанбе, 5 октябр мурофиаи қатли писараш аз тарафи ҳамхизматаш Фаррух Бозоровро шурӯъ кард, ки дар куштори Парвиз бо зарби корд муттаҳам мешавад.
Ӯ гуфт, аз рӯи гуфтаи сарбоз Фаррух Бозоров шаби 13 июл дар соати 4-и субҳ, ҳангоми аз хоб бедр шудани сарбозҳо омада ба гӯши Парвиз дод задааст, ки аз хоб хезад. Вақте ӯ дар посух мегӯяд, ки "чаро дод мезанӣ?", муноқиша мешавад. Фаррух гӯё аз ошхона корд оварда ба қафаси синаи Парвиз задааст. Бар тибқи хулосаҳои тафтишот, бо сабаби сари вақт нарасидани кумаки тиббӣ, сарбоз Парвиз Дӯстмадов ҷон дод.
Шоҳин Ҳофизов, фармондеҳи қисми ҳарбии Вазорати дифоъ дар ҷамоати Сағидашт рӯзи 6 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба далели набудани чархбол дар ин қисми низомии кӯҳӣ Парвиз Дӯстматови захмӣ сари вақт ба бемористони дорои васоили пешрафтаи тиббӣ интиқол наёфт ва ба ҳалокат расид. Сарбозро тавонистанд танҳо то бемористони маҳаллии ҷамоати Сағирдашт интиқол диҳанд, вале бо сабаби набуди шароити зарурии тиббӣ ӯ ҷон дод.
Шоҳин Ҳофизов гуфт, вай ҳеҷ нафарро гунаҳкор намедонад ва танҳо додгоҳ маълум хоҳад кард, ки Фаррух гунаҳкор аст ё на.
Тавре модари Парвиз,сарбози кушташуда мегӯяд, дар додгоҳ Фаррух Бозоров нақл кард, ки қасди куштан ва ё барқасдона ба ҳалокат расонидани ҳамхизматашро надоштааст ва намедонад ин фалокат чӣ гуна рух додааст.
Модари Парвиз мегӯяд 2-юми октябр қарор буд Парвиз хизмати аскариро ба анҷом расонида ба хона бармегашт.
Парвиз Дустматов пас аз хатми мактаб ба Академияи милитсия ҳуҷҷат супорид, аммо аз сабаби хӯрд будани ҷуссааш ӯ дар академия қабул нашуд. Бо ин далел довталабона ба хизмати аскари рафт ва мехост, ки пас аз адои хизмат дубора ба Академияи Вазорати дохила ҳуҷҷат месупорад. Парвиз пештар дар шаҳри Қурғонтеппа хизмат мекард, аммо бо ҳадафи таҷрибаи беҳтари низомӣ ба қушунҳои зудамал гузашт.