Оғози мурофиаи се афсари рус барои қатли муҳоҷири тоҷик

Оғози мурофиаи се афсари рус барои қатли муҳоҷири тоҷик

Мурофиаи се маъмури пулиси Русия, ки дар қатли Фаррух Урозов, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон муттаҳам мешаванд, рӯзи 19 январ дар додгоҳи ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав оғоз меёбад. 

Тибқи иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия дар марги Фаррух Урозов се корманди пулиси ноҳияи Солнечногорск - Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев гумонбар дониста мешаванд. 

Вакилони мудофеи Кумитаи зидди шиканҷа мегӯянд, муттаҳамон - майори милиса, сардори шуъбаи куфтукоби ҷиноии Солнечногорск ва тобеинаш капитану лейтенанти калон мебошанд. 

Қаблан кумитаи мазкур аз қавли Илҳом Алихонов, ки дар парванда ҳамчун ҷабрдида баромад мекунад, навишта буд, ки бегоҳи 17-уми сентябри соли 2014 маъмурини пулис ҳамроҳи Светлана, ҳамсоязани онҳо Фаррухро аз хоб бедор карда, ба идораи пулис бурданд. Баъдан муайян шудааст, ки Фаррухро дар таҷовуз ба номуси духтари 6-солаи Светлана айбдор мекунанд. 

Илҳом, бародари Фаррух он замон гуфта буд, ки маъмурини пулис ӯро низ ба идораи пулис бурданд: “Он ҷо Фаррухрро дар яке аз утоқҳо латукӯб мекарданд ва ӯ бо овози баланд дод мезад. Барои чанд лаҳза ҳангоми нимкушод будани дар Фаррухро дидам, ки бо дастони баста хунолуд рӯи фарш буд ва бо забони тоҷикӣ сӯи ман гуфт, ки “дигар тоқат карда наметавонам". Аз ҳама ҳайратовараш он буд, ки фарёди ҷонкоҳи Фаррухро маъмурини дигари пулис, ки аз роҳрави идора мегузаштанд, мешуниданд, аммо чорае наандешиданд.”

Дар натиҷаи латукӯб шаҳрванди Тоҷикистон шаби 17 ба 18-уми сентябр дар роҳрави шуъбаи пулис ҷон бохтааст. 

Ozodagon