Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон барои маҳбусон тамоми шароитҳо муҳайё шудаанд ва инро метавон аз чеҳраҳои онҳо пай бурд, изҳор дошт зимни нишасти хабарии рӯзи 31-уми июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и ҶТ Зариф Ализода.
Омбудсмен таъкид дошт, ки тибқи мушоҳидаҳояш дар муассисаҳои пӯшида тамоми шароит, аз ҷумла ҳаммом, оби гарму хунук мавҷуд аст. «Чеҳраҳои маҳбусон гувоҳи онанд, ки дар таъминот бо ғизо онҳо мушкилоте надоранд. Ягона мушкилот иншооти мавҷуда аст, зеро онҳо ба меъёрҳои чунин муассисаҳо ҷавобгӯ нестанд. Феълан мо чунин биноҳо сохта истодаем. Дар Хуҷанд тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и хуб мавриди истифода қарор гирифта, дар Ваҳдат ҳам чунин бино сохта мешавад», - гуфт Ализода.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ «шиканҷа зиёд нашудааст». Тибқи маълумоти ахири Омбудсмен, соли равон дар мавриди далели шиканҷа 2 парванда ва болоравӣ аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ 1 парванда боз шудааст.
Ализода фаъолияти гурӯҳи махсуси кориеро хотиррасон намуд, ки дар муассисаҳои ислоҳии кишвар ҷиҳати ошкор сохтани далелҳои истифода шиканҷа мониторингҳо баргузор мекунад ва намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа низ аъзои ин гурӯҳ мебошанд.
«Мувофиқи нақшаи корӣ, нимаи дуюми соли равон ҳамроҳ бо аъзои гурӯҳи кории мазкур аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд, муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак ва шояд муассисаи ислоҳӣ барои кӯдакон боздид мекунем», - ҳарф зад аз нақшаҳои оянда Ализода.
Дар робита ба саволи журналистон оид ба эродҳои гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа Хуан Мендес ҳангоми сафари соли гузаштааш ба Тоҷикистон ва тадбирҳои андешида ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои зикршуда, Ализода изҳор намуд, ки ин камбудиҳо асосан ба шароитҳои будубоши маҳбусон дахл дошта, ба нақшаи кории соли равон ворид шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, сафари навбатии Хуан Мендес ба Тоҷикистон соли 2014 сурат мегирад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2012 дар мулоқот бо журналистон дар Душанбе Хуан Мендес зикр карда буд, ки дар Тоҷикистон истифода аз шиканҷа барои гирифтани баёноти зарурӣ хусусияти доимӣ дошта, барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва прокуратура методи асосии тафтишот аст.