Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Адвокатҳо ва ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, рӯзи 1-уми октябри соли 2024 дар платформаи Jitsi.meet дар мавзӯи «Мафҳум ва моҳияти озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар қонунгузории миллӣ» онлайн-тренинг гузарониданд.
Дар чорабинӣ ҳудуди 15 нафар фаъолон ва шахсони манфиатдор ширкат варзиданд. Аз ҷумла, тренерҳо таърифи асосии мафҳуми шиканҷаро мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ, хусусан таърифи мафҳуми шиканҷа мутобиқи м. 143 банди 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқият аз меъёрҳои байналмилалӣ, унсурҳо ва муҷозоти пешбининамудаи моддаи «Шиканҷа», ки кӣ объект ва субъекти шиканҷа мебошад ва ғайраро пешниҳод намуданд.
Тренерҳо ба иштирокчиён кафолатҳои асосии ҳуқуқҳои шахсони боздоштшуда ва шахсони дар ҳабс қарордоштаро шарҳ доданд. Масъалаҳое аз қабили мафҳуми «боздоштшуда ва шахси дар ҳабс нигоҳдошташуда», лаҳзаи ҳабси воқеӣ, ҳуқуқҳои шахсони боздоштшуда ва шахсони дар ҳабс қарордошта, муҳлатҳо, фиристодани парванда ба мурофиаи судӣ, ваколатҳои адвокат ҳангоми пешниҳоди ариза оид ба ҷиноят, масъалаҳои ҷубронпулӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Чорабинӣ дар шакли лексия-рӯнамоӣ ва машқҳои амалӣ сурат гирифт.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиён якчанд тавсияҳо доданд: бештар дар мавзӯи озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона тренингҳо гузаронида шаванд; дигар чорабиниҳои тарбиявӣ дар ин мавзуъ баргузор гарданд; ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои ҷавон барои ҳамкории минбаъда ҷалб карда шаванд ва ғайра.