Article Pages

Интизор меравад, ки рӯзи 26 июл додгоҳи низомии горнизони шарҳи Душанбе қарори худро аз рӯи аризаи даъвогии волидони сарбози дар артиш ба ҳалокатрасида эълон кунад. Додгоҳи гарнизони Душанбе бояд мавқеашро дар робита бо талаби пардохти ҷубронпулии маънавӣ баъди марги сарбоз Фирдавс Раҳматов эълон кунад. Чанде пеш волидони сарбоз Дилором ва Ғаниҷон Раҳматовҳо аз Вазорати дифои Тоҷикистон тақозо...

25.07.2016 - 15:15

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон қазияи Хуршед Аминов, сарбози қушунҳои дохилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро, ки гӯё ҳамхидматҳояш ӯро водор кардаанд, шишапораҳоро хӯрад, мудҳиш хонд.  Раҳимзода имрӯз, 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, қазияро зери назорати шахсияш гирифта, барои таҳқиқи мунсифонаи он ба раёсати қушунҳои дохилӣ ва амният дастур...

22.07.2016 - 13:41

Додгоҳи низомии Душанбе як сарбоз ва ду афсари қисми низомии 02011-и Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ дар ноҳияи Раштро дар латту кӯб ва марги ҳамхизматашон Бахтиёр Қурбонмадов гунаҳкор дониста, ба зиндон маҳкум кардааст. Масъулони додгоҳ рӯзи 19 июл ба Озодӣ гуфтанд, лейтенанти калонАкмалшои Талабшо ва капитан А.Ҷонов 2-солӣ ва сержант Сайидумрон Табуров14 сол аз...

20.07.2016 - 09:44

Мақомоти интизомии Тоҷикистон се маъмури пулис дар ноҳияи Фархорро барои латту кӯби як боздоштшуда дастгир кардаанд. Сӯҳроб Саломов, муовини сардори Раёсати умури дохилии Хатлон, гуфт, ҳоло ин се маъмури пулис дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд ва рӯзҳои наздик парвандаашон ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. Ӯ рӯзи 19 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, чунин бархӯрди номуносиб бо сокинон обрӯи...

20.07.2016 - 09:08

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз зердастонаш талаб кард, ки аз шиканҷа пешгирӣ намуда, ҳангоми бозпурсӣ бо шаҳрвандон муоширати хуб намоянд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар ҷаласаи Мушовараи ВКД оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 гуфт, “ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ боз  ҳам тақвият дода шуда, робитаи зич бо ҷомеаи...

18.07.2016 - 09:49

Ҷарроҳии ивази гурдаи Эмомиддин Холов, ҷавоне аз Рашт, ки дар хизмати артиш гурдаҳояш аз коркунӣ бозмонда буданд, муваффақона анҷом пазируфт. Директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмуҳаммад Исмоилзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бемор аллакай ба ҳуш омада, айни замон вазъи солимии ӯ ва модараш, ки донори писараш буд, қаноатбахш мебошад. Қаблан...

15.07.2016 - 08:38

Як сарбози нерӯҳои дохилии Тоҷикистон баъди шиканҷа аз сӯи ҳамхизматҳояш дар дармонгоҳи низомӣ зери назорати табибон аст. Аммо фармондеҳони қисми низомӣ мегӯянд, ки сарбоз латту кӯб нашудааст ва ӯ аз дарди гурда ранҷ мекашад. Хуршед Аминов, сарбози қисми низомии 5453, мутааллиқ ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, феълан дар дармонгоҳи нерӯҳои дохилӣ бистарӣ аст.Бобоҷон Ҳасанов,...

14.07.2016 - 09:33

Додситонии ҳарбии гарнизои Кӯлоб алайҳи ду афсар ва як сарбози қисмҳои низомӣ дар ин минтақа ба иттиҳоми бадрафторӣ ва ба корҳои шахсӣ ҷалб кардани зердастонашон парвандаи ҷиноятӣ боз намуда ва барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Фирӯз Раҷабзода, додситони ҳарбии гарнизони Кӯлоб рӯзи сешанбеи 12-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки як афсару сарбоз “меҳтарсолорӣ” ё “дедовина”-ро дар сафи...

13.07.2016 - 09:20

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, барои пайванди гурдаи Эмомиддин Холов – сарбози пешини нерӯҳои марзбонии кишвар – аз ҳисоби худаш 20 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Насриддин Холов, бародари Эмомиддин, 4 июл ба Озодӣ гуфт, "понздаҳ ҳазори ин ёрӣ дар шакли нақд ва панҷ ҳазори дигараш дар вақти ҷарроҳӣ ба шакли дору дода хоҳад шуд." Вазири...

04.07.2016 - 12:33

Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе мегӯяд, дар пайи нашри як хабари "Озодагон" оид ба тариқи "облава" ба артиш ҷалб кардани ҷавонон дар шаҳри Ваҳдат, санҷиш анҷом додааст. Дар номаи ин ниҳод, ки бо имзои полковники адлия М.Ҳокимзода, додситони ҳарбии гарнизони Душанбе унвонии "Озодагон" расид, гуфта мешавад, дар пайи ин санҷиш ҳолати аз сӯйи мақомот бо роҳи "облава" ё "иҳотагирӣ"...

02.07.2016 - 15:49

Страницы