Дар рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, 25-километрии ғарби Душанбе, ҷанозаи Ҳамза Икромзодаро ба хок супориданд. Ҳамза Икромзодаи 27- сола, ки ду сол пеш ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони рақами аввали Душанбе бар асари латту кӯб ва шиканҷа ҷон бохтааст. Замоне, ки вориди манзили хонаводаи нафари марҳум шудем, волидону бастагони ӯ...
Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон