Article Pages

Лоиҳаи татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» (ҳамоҳангсоз Парвина Наврӯзова) ҳамоҳангсозӣ мешавад. Ҳамоҳангсози лоиҳа ҳамзамон мушовири Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилоф ба шумор рафта, оид ба масоили расонидани кӯмак мувофиқи шартҳои Протоколи Истамбулӣ (муфассалтар дар бахши Кӯмаки ҳуқуқӣ) кӯмаки коршиносӣ мерасонад. Айни замон аъзои Гуруҳи кории назди...

27.07.2019 - 15:26

Фаъолияти ГКҲ ба пешбурди таъсиси системаи самараноки вокуниш ба аризаҳо дар бораи шиканҷаву муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо барои расонидани кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст. Дар соли 2019 ГКҲ фаъолияташро дар самти расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа,...

26.07.2019 - 12:13

Дар давраи нимсолаи аввали соли 2019 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар пешбурди тавсияҳояш ҳангоми коркарди Нақшаи миллии амал оид ба амалисозии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа, ки 24-уми январи соли 2019 қабул гардида буд, фаъолона иштирок намуд. Эътилоф дар якҷоягӣ бо Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон гузориши...

25.07.2019 - 22:15

Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 549 ҷиноят (дар соли 2018-ум 12482) ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ягон ҳолати истифодаи шиканҷа ба қайд гирифта нашудааст. Пас аз ироаи омори солона, ба саволи рӯзноманигорон оид ба теъдоди парвандаҳои ҷиноятӣ аз рӯи моддаи 143, эзоҳи 1-и КҶ ҶТ (...

24.07.2019 - 13:42

Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд як парванда вобаста ба шиканҷа баррасӣ гардидааст, ки бо ин ҷурм подполковники милиса Шуҳрат Шамсиддинов ба муҳлати 13 сол зиндонӣ шудааст. Муовини раиси Суди Олӣ, раиси коллегияи ҳарбӣ Раҳмонзода Сайдалӣ имрӯз, 22-юми июл зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора иттилоъ дод. Номбурда гуфт, ҳукм нисбат ба ваколатдори оперативии ШКД...

22.07.2019 - 12:34

Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар нисбати чаҳор афсари милисаи Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо анҷом дода, бо айбдорӣ ба моддаи 143 прим 1, "шиканҷа", ба додгоҳи пойтахт ирсол доштааст. Як манбаи наздик ба тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони милиса дар Додситонии кул рӯзи 18-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бар пояи ин қазия Фарҳод Нурхонов,...

19.07.2019 - 11:09

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар ним соли равон 4 муроҷиат вобаста ба шиканҷа ба ниҳоди онҳо ворид шудааст, ки пас аз баррасӣ исботи худро наёфтаанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар Умед Бобозода рӯзи 18-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки шикоятҳо аз наздикони маҳбусон ворид шудаанд. — Аз ҷониби кормандони мақомот дар ҷои ҳодиса санҷиш гузаронида шуд. Яке аз...

18.07.2019 - 21:37

Рӯзи 26-уми июн дар як чорабинии бахшида ба Рӯзи мубориза бо шиканҷа наққошиҳои Фаррух Неъматзода, рассоми тоҷикро ба намоиш гузоштанд, ки дар онҳо усулҳои шиканҷа ва ранҷ кашидани қурбониёнро нишон медиҳад.

01.07.2019 - 12:09

Тасвирҳои наққоши тоҷик Фаррух Неъматзода, ки ҳолатҳои шиканҷа ва зӯровариро офаридааст, дар Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа ба намоиш гузошта шуд, вале мутаассифона, худи ӯ бо сабаби беморӣ ҳузур надошт. Намоиши тасвирҳо ва чорабинӣ рӯзи 26-уми июн, ки ҳамчун Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа ва зӯроварӣ ҳамасола қайд мегардад, имсол дар «Кохи Суруш»-и шаҳри...

29.06.2019 - 14:21

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз 27-уми май то 26-уми июни соли равон тасмими моҳонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа амалӣ намуд. Давоми як моҳ дар сомонаи Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ яктоӣ аз иқтибосҳои фаъолони шаҳрвандӣ - ихтиёриён, шахсони машҳур, ҳимоякунандагони ҳуқуқи инсон, намояндагони санъати...

26.06.2019 - 16:25

Страницы