Оё тартиби судӣ барои баррасии шикоятҳо нисбати қарори прокурор вуҷуд дорад?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахшиСаволу ҷавобҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Оё тартиби судӣ барои баррасии шикоятҳо нисбати қарори прокурор вуҷуд дорад?

ПОСУХ: Агар шикояти шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз ҷониби прокурор, прокурори болоӣ қонеъ нашуда бошад ва ё дар мӯҳлати муайянкардаи Кодекси мазкур ҳал нашуда бошад, онҳо ҳуқуқ доранд дар бораи рад кардани қабули аризаашон оид ба ҷиноят ё вайрон кардани қонун ҳангоми оғоз, боздоштан ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ба суд шикоят кунанд. Шикоятро ба суди маҳалли ҷойгиршавии мақомоти прокуратура дар давоми як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи прокурор дар бораи рад намудани қонеъгардонии он ё аз рӯзи гузаштани мӯҳлати як моҳи баъди додани шикоят, ба шарте, ки ба он ҷавоб нарасида бошад, арз кардан мумкин аст. (моддаи 124-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj