Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррири адабӣ - Наргис Ҳамробоева) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.
Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн омода карда шудааст.
Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.
Падруд бо борон
Ӯ гӯё ҳис кард, ки риштаи ҳаёташ ба наздикӣ канда мешавад ва як ҳафта пеш аз марг аз наздикон бахшиш пурсид. Давоми се рӯзи қабл аз фоҷиа дили модари сарбози одии тоҷик Раҷабалӣ аз дарди ноаёне месӯхт. Тавре маълум шуд, ҳиси модарӣ ӯро фиреб надодааст...
Раҷабалӣ Каримов дар Ҳисор дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, тарбия гирифта буд. Модараш хоҷагии деҳқониро роҳбарӣ мекард, ҳама бори зиндагиро ба дӯши худ гирифта буд, зеро падар чанд соли охир бемор буд.
Сарфи назар аз мушкилоти зиндагӣ, Раҷабалӣ ҷавони хушчақчақ ва кушодарӯй буд. Шахси аз ҳама наздик дар олам барояш модараш буд. Вақте эҳсос мекард, ки модараш мушкилӣ мекашад ё пас аз рӯзи пурмашаққат хаста шудааст, кӯшиш мекард табъашро болида созад, бо ягон шӯхӣ ӯро ба хандидан моил намояд. Инчунин, бо модараш бо майли тамом оид ба орзуву нақшаҳои ояндааш суҳбат мекард.
“Модарҷон, зиқ нашав. Ҳама корҳоямон хуб мешавад! Ман хонаи калон мехарам, духтари зебоеро ба занӣ мегирам ва ҳамаамон ҳамроҳ зиндагӣ мекунем”,- гуфта буд боре ба модар, ки ӯ бо шунидани ин суханҳо лабханди ширине кард.
Модари Раҷабалӣ - Садафмоҳ ба хотир меорад, ки писараш ҳазорҳо чунин нақшаҳо дошт. Зиндагиро хеле дӯст медошт. Ягон мушкилӣ наметавонист ӯро тарсонад, аммо ҳанӯз аз кӯдакӣ, ҳангоми каме дард кашидан ба назди модар медавид. Ҷавон ба камол расид, аммо ин одаташ боқӣ монд. Ҷавони қоматбаланду боқувват дарди навбатиро фурӯ бурдаву аз модар мепурсид: “Модарҷон, яке агар ман вафот кунам, чӣ мешавад?”. Садафмоҳ ӯро сарзаниш мекард, ки аз дарди одӣ дар шикам ҳоло касе намурдааст! Ва ҳарду механдиданд.
2-юми апрели соли 2017. Рӯзи зебои баҳорӣ, пур аз накҳати гули шукуфтаи зардолу ва овози занбӯрҳои заҳматкаш буд. Раҷабалӣ чизеро дар саҳни ҳавлӣ таъмир мекард, ки ҳамин вақт ба наздаш рафиқаш омад. Онҳо дурудароз гуфтугӯ карданд. Баъд Раҷабалӣ дастонашро шуст, либосашро иваз кард ва ба модар гуфт, ки зуд бармегардад. Ҳарду рост ба комиссариати ҳарбӣ рафтанд ва дар бораи хизмати ихтиёрӣ ариза навиштанд...
Занги телефонӣ аз комиссариати ҳарбӣ Садафмоҳро дар ҳайрат гузошт. Ба ӯ хабар доданд, ки Раҷабалӣ ба хизмат даъват шудааст ва ӯ метавонад барои хайрухуш ба наздаш ояд. Вақте ки зан ба назди комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд, ҷавонписарон аллакай ба роҳ баромада буданд. Бо писараш саросема хайрухуш карда, мисли он, ки дар филм оид ба ҷанг бошад, фурсат ёфт, то бастаи хӯрокро тариқи тирезаи “УАЗик” ба ӯ диҳад. Мошин лаҳза ба лаҳза дур мешуд, акнун аллакай бо хати уфуқ дар дуриҳо яксон шуд, ба нестӣ рафт ва дар дили модар ташвиш лона гузошт.
Раҷабалӣ Каримов ба қисми ҳарбии шаҳри Бӯстон, ба шимоли кишвар равона карда шуд. Ба модар занг зад ва гуфт, ки аз ӯ десантчӣ тайёр мекунанд. Вале аз чӣ бошад, пас аз як моҳ наваскарро ба Чортут, баъдан ба минтақаи шарқӣ, ба Ғарм гузарониданд.
Раҷабалӣ акнун ба модар камтар занг мезад, ҳолаташ дигаргун буд ва ба Садафмоҳ лозим меомад, ки суханҳоро аз ӯ кашида гирад. Ӯ эҳсос намуд, ки ҳамаи зангҳои телефонӣ зери назорат буданд ва назди писараш ҳамеша касе меистод.
... Дар хоҷагии Садафмоҳ Каримова даҳ нафар саҳмдор кор мекарданд. Кор дар замин вазнин, аз моҳи март то ноябр аз ҳад зиёд аст. Танҳо зимистон дам гирифтан мумкин аст. Ҳар сол ҳамин аҳвол аст. Баъди ба хизмат гусел кардани писари хурдӣ, корҳои ӯ боз ҳам зиёдтар шуданд. Шавҳари беморро нигоҳубин намудан, ба келинҳо дар тарбияи набераҳо кумак расонидан, дар замин кор кардану саҳмдоронро роҳбарӣ кардан зарур буд.
Ҳамин тавр тобистон гузашт. Моҳи ноябр, аз корҳо озод шуда, Садафмоҳ ахиран ба хабаргирии писараш рафт. Ба қисми ҳарбӣ расида, Раҷабалии худро ба оғӯш гирифт, бо сардорҳояш шинос шуд. Ҳамон рӯз Садафмоҳ дид, ки чӣ тавр писараш фаршро мерӯбаду мешӯяд, чунон тозаву озода, ки ба чунин маҳорат шояд келинҳо ҳасад мебурданд.
“Ҳайрон нашавед! Ӯ дар ин ҷо шустани фаршро омӯхт”,- бо табассуми сохта гуфт яке аз сардорҳо. Ва ба Раҷабалӣ муроҷиат карда, луқма партофт: “Кӯшиш намо, ки ақаллан ҳамин рӯз ман туро дар ҳузури модарат назанам”.
Ба Садафмоҳ ин суханҳо нафорид. Аммо Раҷабалӣ модарашро таскин дод ва гуфт, ки сардораш ҳамин хел шӯхиҳо дорад. Модар бо дили хиҷил ба хона баргашт.
Соли 2018. Зимистон. Чанд маротиба Садафмоҳ аз писараш хоҳиш кард, ки ба хона, ба рухсатӣ ояд. Аммо Раҷабалӣ рад мекард. Мегуфт, ки барои ин ба сардорҳо пул додан лозим аст, беҳтараш хизматро ба охир мерасонаду барои ҳамешагӣ ба хона бармегардад.
Охири моҳи апрел. Барои Садафмоҳ мавсими нави киштукор оғоз шуд. Кор бисёр буд. Бегоҳӣ телефон занг зад. Ӯ Раҷабалиаш буд. Аз шунидани овози писараш хеле хушҳол шуд.
“Модарҷон, корҳоятон хуб аст? Акаам хубанд? Ӯро хоб дидам. Саломатиаш чӣ хел аст?”,- бо овози ташвишолуд пурсид ӯ.
“Ҳа, мо хубем, хавотир нашав. Ана, метавонӣ бо ӯ гап занӣ”,- гуфт Садафмоҳ ва гӯшии телефонро ба писари калониаш дод. Бародарон бо телефон дурудароз суҳбат карданд. Баъд Раҷабалӣ бо ҳамаи аъзои оила бонавбат суҳбат кард ва аз ҳама бахшиш пурсид.
1-уми майи соли 2018. Садафмоҳ бо дарди номаълуме дар бадан аз хоб бедор шуд. Бо азобе ба кор рафт. Аммо на кор карда метавонисту на ба чизе андармон шудан. Дард бошад, мисли ҳаштпои азим оҳиста-оҳиста тамоми баданашро фаро гирифт. “Раҷабалӣ, писарам!”,- дар майнааш фақат ҳамин фикр буд. Гӯё фарорасии мусибатро эҳсос мекард.
2-юми майи соли 2018. Садафмоҳ аз саҳар худро бемадор ҳис мекард, аммо худро маҷбур сохт, ки ба саҳро равад. Дард ӯро раҳо намекард ва қарор дод, ки барвақттар аз кор баргардаду хоб равад. Ташвиши дилаш зиёд шуд, вақте дар саҳни ҳавлӣ ҳамсояҳо, ким-кадом шахсони бегонаро дид, ки торафт зиёд мешуданд. Ҳамаи хешу табор, шиносҳо ҷамъ омаданд. Касе гуфт, ки Раҷабалӣ аз манора афтода, пояшро шикастааст ва ӯро ба хона меоранд. Ҳамон вақт ҳама аллакай медонистанд, ки дар асл чӣ ҳодиса рӯй додааст, аммо ҷуръати ба Садафмоҳ гуфтан надоштанд. “Оҳ, Худоё, умедворам ҳамааш хуб бошад”,- пичиррос зад ӯ.
Дар шаби тор садои мошин ба гӯш расид. “Ана, хайрият!”,- фикр кард Садафмоҳ ва ба рӯи ҳавлӣ давид. “Раҷабалӣ, писарам!”,- бо оғӯши кушода давид, аммо пойҳояш якбора бемадор шуданд... Ӯ дид, ки чӣ тавр аз дарвоза Раҷабалии дӯстдоштаашро дар кафани сафеди рӯяш доғҳои хун баромада медароранд. Зан аз ҳуш рафт...
Садафмоҳ ба худ омада, дар наздаш ҷасади беҷони писарашро дид. “Биё, ба ту охирин бор назар кунам. Ту чӣ қадар зебоӣ”,- мегуфт ӯ ва сари бастаи писарашро сила мекард, изҳои хуни шахшударо дар рӯяш мебӯсид, гӯё мехост ба ӯ умри дубора бахшад...
Ба волидайн гуфтанд, ки Раҷабалӣ ҳангоми навбатдорӣ дар посгоҳ ба худ тир кушодааст.
“Писари ман чӣ тавр метавонист ба худ тир кушояд? Чӣ ӯро ба ин кор маҷбур кард? Чаро баданаш пур аз доғҳои кабуд буд ва ба мо кушодани кафанро дар аввал иҷозат надоданд? Кӣ ӯро латукӯб кард? Чаро?”,- ин саволҳо Садафмоҳро ҳамарӯза азият медоданд ва аз ин ғам ӯ гӯё мисли чӯби тар месӯхт. Ҳеҷ бовар кардан намехост, ки писараш метавонист аз тарси сардор ба худ тир кушояд. Садафмоҳ баъдан бо ҳамон афсар вохӯрд, хост, ки оид ба ҳолатҳои кор пурсуҷӯ кунад, аммо ӯ танҳо мегуфт: “Раҷабалӣ, ба фикрам, бо сабаби тарс аз ҷазои ман худкушӣ кардааст”. Модар бошад, боз ҳам ором намешуд: “Писарамро чӣ гуна ҷазо дар пеш буд, ки маргро аз он авло донист?!”.
Дар ҷустуҷӯи адолат зан то Суди Олӣ рафт. Прокуратураи ҳарбӣ барои ҳодисаи рӯйдода навбатдореро “айбдор” кард, ки назди видеокамераи назоратӣ менишаст. Ӯ бо гуноҳи муносибати беэътиноёна нисбати хизмат айбдор карда шуд ва агар дар суд айбаш исбот гардад, ҳабсро ба муҳлати панҷ сол дар назар дорад. Аммо Садафмоҳ боварӣ дорад, ки навбатдор дар марги писараш айбдор нест. Гунаҳгор шахси дигар аст, ки сарбозро то худкушӣ расонид. Ӯ дар навори видео дидааст, ки Раҷабалӣ чӣ тавр ба сӯи худ тир кушод...
Борони хунук меборид. Раҷабалӣ дар посгоҳи қаровулӣ ба хизмат шуруъ кард. Сарбоз бо автомат мусаллаҳ гардида, тибқи дастур дар як хат пасу пеш қадам мезад. Дар сабт дида мешавад, ки ба назди ӯ касе меояд ва кӯшиш мекунад, то ба навори видео наафтад. Онҳо дурудароз оид ба чизе баҳс мекунанд. Баъдан, шахси ношинос боз худро аз камера панаҳ кардаву меравад. То ивазшавии басти қаровулӣ 15 дақиқа монда буд. Ин вақт дар саҳни ҳавлӣ касе набуд, ҳама дар ошхона хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрданд. Раҷабалӣ ба замин нишаст, автоматро аз китфаш гирифт, ба осмони тира дида дӯхт. Борони хунук якҷоя бо ашк ба рӯяш мешорид... Сарбоз автоматро аз муҳофизак кушод ва ба худ тир холӣ кард...
Аз марги Раҷабалӣ ду сол сипарӣ шуд. Садафмоҳ то ҳол дар ҷустуҷӯи нафарест, ки писари ӯро то ба худкушӣ расонид...