Парвандаи моддаи «шиканҷа», мурофиаи судӣ ва ҷуброн: чӣ гуна адвокатҳо дар парвандаи Розиқов ба адолат даст ёфтанд

Ин қазия муддати тӯлонӣ сари забони сокинони Тоҷикистон буд: 3-юми январи соли 2023 даҳҳо нафар аз сокинони Кӯлоб дар назди бинои сардхонаи шаҳр ҷамъ омада, хостори пайдо ва муҷозот кардани гунаҳкорони марги Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола шуданд, ки соати яки шаб аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуда, баъди як соат дар яке аз утоқҳои хизматии бинои РВКД ба ҳалокат расид.

«Гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд!»

Бегоҳи 3-юми январ ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки сабаби марги Абдуқаҳҳор Розиқов истеъмоли аз меъёр зиёди маводи мухаддир шудааст: “Шаҳрванд А. Розиқов қабл аз боздошт як воя маводи мухаддири амфетамин (кристалл) истеъмол карда будааст, ки дар натиҷа дар шуъбаи минтақавии РВКД-и вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб фавтид».

“Он вақт ман дар Русия кор мекардам. Он рӯз хонаводаам ба ман занг зада гуфтанд, ки бародарам вафот кардааст. Сабаб пурсидам, гуфтанд, ки кормандони милитсия ӯро шабона бурданд ва баъди ду соат дар бораи маргаш хабар доданд. Ва ман фавран ба Тоҷикистон парвоз кардам”,- мегӯяд Давлатмурод Розиқов - бародари Абдуқаҳҳор.

Ба гуфтаи ӯ, даҳҳо нафар, ки назди сардхонаи маҳаллӣ ҷамъ омада будаанд, талаб кардаанд, ки гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Танҳо пас аз он ки мақомоти шаҳр итминон доданд, ки ҳама гунаҳкорон муҷозот хоҳанд шуд, наздикон ҷасади Абдуқаҳҳорро гирифтанд ва рӯзи дигар ба хок супурданд.

Ёрии Эътилофи зидди шиканҷа

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми январ ба хонаводаи Розиқовҳо ёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда, ду вакили мудофеъ ҷудо намуд.

Адвокатҳо як силсила аризаҳоро омода намуданд ва рӯзи 27-уми январ аз рӯйи ин қазия гурӯҳи тафтишотӣ ташкил карда шуд.

Гулчеҳра Холматова, роҳбари Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилоф, ки раванди расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба хонаводаи Розиқовҳоро ҳамоҳанг мекард, мегӯяд: “Аз оғози ин парванда мушкилиҳо пеш омада буданд. Прокуратура рӯзи 12-уми январ нисбати се корманди милитсия тибқи моддаи “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кард, ки аз ин миён нисбати ду нафарашон чораи пешгирикунанда дар шакли уҳдадории хаттӣ дар бораи тарк накардани маҳали зист таъин шуд”.

Адвокатҳо муваффақ шуданд, ки рӯзи 30-юми январ ҳар се корманди милитсия ба ҳабс гирифта шуда, худи ҳамон рӯз бо қарори Прокуратураи минтақаи Кӯлоб Давлатмурод Розиқов - бародари марҳум ҷабрдида дар ин парвандаи ҷиноятӣ эътироф гардид.

Ташхиси судӣ-тиббӣ

Моҳи март адвокатҳо бо натиҷаи ташхиси судӣ-тиббӣ, ки далели марги Абдуқаҳҳор Розиқовро тасдиқ мекард, шинос шуданд.

Яке аз хулосаҳои ташхис - дар хуни марҳум кашф шудани «маводи мухаддири метамфетамин, ки ба сабаби марги ӯ рабт надорад», яъне маълумоте, ки дар сомонаи ВКД нашр шуда буд, ба воқеият мувофиқат намекард.

Дар хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ гуфта шудааст, ки дар бадани марҳум “ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар шакли доғҳо, харошидаҳо, захмҳое, ки дар натиҷаи зарба бо ашёи сахти кунд каме пеш аз марг ба вуҷуд омадаанд”, мушоҳида шудаанд, вале ҳамзамон коршиноси судӣ-тиббӣ дар бадани марҳум “изи таъсири ҷараёни барқ”-ро наёфт.

"Ҷасади бародарамро худам ҳамроҳи амакам ва ҳамсояам шустам,- мегӯяд Давлатмурод Розиқов,- дар ангуштони пойи росташ доғҳои сиёҳ, мисли доғҳои сӯхта буданд". Амаки марҳум - Абдуғаффор Розиқов низ иддао дорад, ки дар бадани бародарзодааш осори ҷараёни барқ мавҷуд буд.

Тибқи хулосаи коршиносони судӣ-тиббӣ, сабаби марги марҳум бемории ишемиявии дил будааст.

«Вай ҳеҷ гоҳ аз дилаш шикоят намекард. Он шаби шум соати 20 бо ӯ тариқи WhatsApp суҳбат кардам ва умуман чизе нагуфт дар мавриди он ки худро бад ҳис мекунад ё ягон ҷояш дард мекунад”,- ба ёд меорад Давлатмурод.

Кардиологи яке аз дармонгоҳҳои пойтахт бидуни зикри номаш гуфт, ки ҳангоми зарбаи барқ таъсир ба мушакҳои дил бештар хатар дорад. “Маълум аст, ки кашиши мушакҳои дил зери таъсири неруи барқи ками аз ҷониби худи организм коркардшуда ба вуҷуд меояд. Зарбаи пурқуввати беруна боиси коҳиши кори дил мегардад, ки яке аз оқибатҳои он метавонад инфаркти миокард ва баъдан марг бошад ва ҳангоми ташхис метавонад ҳамчун ишемияи қисмати мушакҳои дил ё бемории ишемияи дил маънидод карда шавад»,- гуфт ӯ.

Моддаи «Шиканҷа» ва суд

Адвокатҳо муваффақ гардиданд, ки парвандаи ҷиноятӣ аз моддаи “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ба моддаи «Шиканҷа» нисбат ба се афсари милитсия - Ҷамшед Кароматов, Зафар Холов ва Шамшод Шарифзода тасниф шавад.

Моҳи май аввалин мурофиаи судӣ баргузор шуд. Дар суд шоҳид А. П. (бо мақсади таъмини амнияти шоҳид, маълумоти шахсии ин шахс ифшо намешавад) хабар додааст, ки 1-уми январи соли 2023 бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда, шаҳодат додааст, ки аз Абдуқаҳҳор Розиқов ҳашиш харидааст. Пас аз ин, кормандони милитсия савори се мошин нисфишабии 3-юми январ ба сӯйи хонаи Розиқовҳо рафтаанд. Онҳо ба хона даромада, кофтуков карда, 2 грамм ҳашиш дарёфт карда ва дастгиршударо ба бинои минтақавии РВКД бурдаанд.

А. П. ҳамчунин дар суд изҳор дошт, ки ҳангоми бозпурсӣ ва рӯбарӯкунӣ миёни Абдуқаҳҳор Розиқов ва Зафар Холов ҷанҷол ба амал омада, баъдан ӯ ҳамроҳи Шамшод Шарифзода ва Ҷамшед Кароматов пой ва дастони Розиқовро бо скотч баста, сипас ба латукӯби боздоштшуда гузаштаву ҷараёни барқ пайваст кардаанд. «Пас аз он, ки аз даҳони Розиқов кафк баромад, латукӯби ӯро қатъ карданд, аммо ӯ алакай мурда буд»,- гуфт А. П.

Моҳи июл ҳар се афсари милитсия ҳар кадом ба 14 соли зиндон маҳкум шуданд. Онҳо ба шиканҷа додани Абдуқаҳҳор Розиқов гунаҳкор дониста шуданд.

«Ба ҷавобгарӣ кашидани афсарони милитсия барои шиканҷа, ошкор сохтани парванда, аз ҷумла нашр дар ВАО барои амалияи татбиқи қонун муҳим аст. Ҳар як шикоят дар бораи шиканҷа бояд самаранок тафтиш карда шавад ва гунаҳкорон бояд барои шиканҷа ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар чунин ҳолатҳо ҷабрдидаи шиканҷа ва наздиконаш дар ҳолати вазнини маънавӣ қарор доранд ва на ҳамеша вазъро дуруст арзёбӣ мекунанд. Барои ҳамин, онҳо ба кумаки ҳуқуқшиносону адвокатҳои соҳибихтисос ниёз доранд”,- қайд кард адвокати ҷабрдида дар қисми рӯёнидани ҷуброн.

Мо бо судяи ин парванда Одиназода Ҳ. Н. дар тамос шуда, хостори шарҳи ҷараёни мурофиа шудем, аммо пас аз шунидани саволҳо хоҳиш кард, ки дубора занг занем, вале дигар ба зангҳои такрории мо посух надод.

Ҷуброн: кӣ бояд пардозад?

Моҳи январи соли 2024 ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт оид ба ситонидани ҷуброни зарари маънавӣ ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ аз ҷавобгар - Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъво пешниҳод шуд.

Судя рӯзи бо қарор даъвои Давлатмурод Розиқовро қисман қонеъ карда, Вазорати корҳои дохилиро муваззаф намуд, ки ҷуброни зарари маънавӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ пардохт намояд. Дар баробари ин, суд бо истинод ба муқаррароти Кодекси гражданӣ гуфт, ки «ҳангоми муайян намудани андозаи товони зиён бояд талаботи асоснокӣ ва адолат ба инобат гирифта шавад», кормандони ВКД, намояндагони ҷавобгар бошанд, исрор карданд, ки товони зарари расидаро бояд кормандони гунаҳкор диҳанд. Айни замон қарор дар бораи ситонидани ҷуброн дар марҳилаи иҷро қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Гулчеҳра Холматова, бар асоси Конвенсияи зидди шиканҷа, давлат дар баробари уҳдадориҳои таъмини тафтишоти фаврӣ ва беғаразона, бояд ҳуқуқи қурбонии шиканҷаро барои гирифтани ҷуброн таъмин намояд.

«Дар чунин мавридҳо аксар вақт баҳс ба миён меояд: чаро ВКД зарари расидаро ҷуброн кунад, на худи гунаҳкорон? Азбаски кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намояндагони мақомот ва давлатанд, барои амалҳои онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ҷавобгарӣ бар дӯши давлат дар симои ниҳоди марбута - дар ин маврид Вазорати корҳои дохилӣ аст»,- таъкид дошт ӯ.

Бо вуҷуди ҳама далелҳои адвокат, шикояти кассатсионии даъвогар қонеъ нашуда монд.

«Парвандаи Абдуқаҳҳор Розиқов барои Эътилофи зидди шиканҷа ва ҳимоятгарони ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад: дар аввал давлат кормандони милитсияро барои шиканҷа ба ҷавобгарӣ ҷалб накард ва амалҳои онҳоро тибқи моддаи “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” тавсиф карданд. Ин қазия ҳамчунин аз он шаҳодат медиҳад, ки адвокатҳо тавонистанд ба дарёфти ҷуброни зарари маънавӣ даст ёбанд”,- гуфт Гулчеҳра Холматова.

То рӯзи нашри ин мавод аз даргузашти Абдуқаҳҳор Розиқов беш аз якуним сол гузашт. Хешовандон аз ҷиҳати равонӣ хаста шудаанд, то баҳси судӣ бо ВКД-и кишварро, ки пардохти ҷубронпулии пурраро талаб доранд, идома диҳанд.

“Бародарам бегуноҳ буд. Ӯ ба он чизе, ки мехостанд ӯро гунаҳкор кунанд, иқрор нашуд ва беш аз як соат ӯро барои гирифтани нишондоди худиқрорӣ ба  таври бераҳмона шиканҷа карданд. Бародарам ба шиканҷа тоб наоварда, ба ҳалокат расид”,- гуфт Давлатмурод Розиқов.

Абдуқаҳҳор ду фарзанди ноболиғ дорад, ки ҳоло бо бибиашон зиндагӣ мекунанд.

«Яке аз камтарин ҳолатҳо дар таҷрибаи судӣ»

Дар ҳамин ҳол, шиканҷа як мушкили мубрам барои Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аммо ба гуфтаи Матилда Богнер, намояндаи минтақавии Дафтари Комиссари Олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон дар чанд соли охир дар иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф ба баъзе пешрафтҳо ноил шудааст.

«Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ қабул шуданд, инчунин ҳолатҳои ҷудогонаи ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони шиканҷа низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, соли 2023 суд се корманди милитсияро дар истифодаи шиканҷа нисбати Абдуқаҳҳор Розиқов гунаҳкор донист»,- гуфт ӯ.

«Чанд нафар гузоришгарони махсуси СММ аз Тоҷикистон дидан намуда, аз ҷумла барои зарурати такмили қонунгузорӣ ҷиҳати пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, таҳияи механизмҳои муассири ҳуқуқӣ ва институтсионалии тафтиши шикоятҳо дар бораи шиканҷа, таъмини ҳифзи ҳуқуқи қурбониён ва таъмини ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани шахсони гунаҳкор дар истифодаи шиканҷа тавсияҳо доданд»,- таъкид кард Богнер.

Дар маҷмуъ, ба гуфтаи Нурмаҳмад Халилов, роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Эътилоф ба тағйироти зиёд дар қонунгузории Тоҷикистон даст ёфт, аз ҷумла вобаста ба баррасии муассири парвандаҳои ҷиноятӣ, ки ба ҷилавгирӣ аз хушунат алайҳи боздоштшудагон нигаронида шудааст.

«Мутаассифона, дар амал баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои гирифтани нишондоди худиқрорӣ то ҳол аз шиканҷа истифода мебаранд. Қазияи Розиқовро метавон яке аз камтарин парвандаҳо дар таҷрибаи судӣ арзёбӣ кард, ки гунаҳкорон муҷозот шудаанд. Вобаста ба ин, зарур аст, ки барои баланд бардоштани самаранокии тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии марбут ба шиканҷа чораҳо андешида шаванд»,- таъкид дошт ӯ.

NotortureTj