Article Pages

Салоҳияти Президент: 1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад; 2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад; 3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад; 4. Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи...

09.08.2024 - 12:37

Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад.              

08.08.2024 - 14:02

Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад: "Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям". Ваколати...

07.08.2024 - 13:56

Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд. Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд. Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.      

06.08.2024 - 13:51

Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта...

05.08.2024 - 10:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад (22 майи соли 2016).    

04.08.2024 - 09:53

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пеш аз мӯҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд.      

03.08.2024 - 09:49

Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар...

02.08.2024 - 09:50

Кормандони Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” - ташкилоти шомили Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба тарҳрезии стратегӣ тренинг гузаштанд. Чорабинӣ ба дарки беҳтари аҳамияти нақшаи дақиқ барои ноил шудан ба ҳадафҳои ташкилӣ нигаронида шуда буд. «Нақшаи стратегӣ ба ташкилот барои дар самти дуруст ҳаракат кардан кумак мерасонад, ҳамоҳангии амали ҳамаи...

01.08.2024 - 10:11

31-уми июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқҳои асосӣ: озодӣ аз боздошти худсарона, механизмҳои ҳимоя дар доираи Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар платформаи Zoom ба таври офлайн ва онлайн сурат гирифт ва дар он зиёда аз 40 нафар намояндагони соҳаи судӣ, адвокатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва...

01.08.2024 - 09:59

Страницы