Article Pages

Дар нимсолаи аввали соли 2024 Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии (ГЁҲ) Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа, роҳандозии мурофиаҳои судии стратегӣ, ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, омода намудани мавод барои ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва гузоришҳои алтернативӣ ба мақомоти СММ, инчунин дар доираи...

11.09.2024 - 10:55

Дар давраи моҳҳои январ - июни соли 2024 аз ҷониби Гурӯҳи расонаӣ дар ҳамкорӣ бо дигар аъзо ва гурӯҳҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 408 мавод омода карда шуд, ки дар сомонаи Эътилоф - www.notorturetj.org ҷойгир карда шуданд.   Гурӯҳи расонаӣ дар давраи ҳисоботӣ ҳамзамон иттилоот ва дигар чорабиниҳои ташкилотҳои аъзои Эътилофро инъикос намуд. Аз...

10.09.2024 - 13:46

Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд. МУҚАРРАРОТИ ИНТИҚОЛӢ 1. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз рӯзи интишори расмиаш эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд (22 майи соли 2016). 2. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани "...

09.09.2024 - 14:57

Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд. Пешниҳоди тағйиру иловаҳои Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.        

08.09.2024 - 14:54

Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.          

07.09.2024 - 17:46

Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.          

06.09.2024 - 17:42

Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», ки ба ҳайати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шомил аст, аз расонидани кумак ба сарбозоне, ки дучори «меҳтарсолорӣ», дигар навъҳои муносибати ғайриоинномавӣ, шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳангоми хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ гардидаанд, ёдовар мешавад. Ташкилот дар шакли машварати духтурон, муоинаи...

06.09.2024 - 17:32

30-юми августи соли 2024 ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои сокинони шаҳри Хуҷанд машваратҳои сайёр доир намуданд. Чорабинии мазкур ба муносибати Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии оммаи васеъ оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда шуд. Зимни машваратҳои ҳуқуқӣ...

06.09.2024 - 17:20

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон иди миллӣ - 33-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистонро ба тоҷикистониёни азиз муборакбод мегӯяд! Дар ин рӯзи фархунда шукуфоии кишвар ва ояндаи дурахшон, муваффақиятҳои сартосариву эҳтироми ҳамдигар дар ҷомеа ва дурнамои назаррасу комёбиҳои устуворро таманно дорем!          

06.09.2024 - 17:17

Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.          

05.09.2024 - 15:48

Страницы