Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гулчеҳра Холматова, адвокати Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои рӯзноманигори латукӯбшуда Доро Маҳкамов ёрии ҳуқуқии худро идома медиҳад.
18-уми сентябр ба рӯзноманигор супориш дода мешавад, ки рафти сохтмон ва савдои кӯчагиро инъикос кунад ва ӯ ба ҳамин хотир ба бозори «Гипрозем» меравад. Дар он ҷо ӯ шоҳиди баҳси зани савдогар бо нафари либоси мулкӣ ба бар дошта мегардад.
Доро ба баҳс ҳамроҳ мешавад ва иштирокдорони баҳсро акс мегирад, вале марди либоси мулкӣ ба бар сари эҳсос омада, флешкорти дастгоҳи аккосиро мешиканад. Ва дарзамон ба нафари низомипӯш мефармояд, ки рӯзноманигорро ба шуъбаи минтақавии милитсияи №19-и «Гипроземгородок»-и ноҳияи сино бубарад.
Баъди ба утоқи нозири минтақавӣ бурдан, нафари либоси мулкӣ ба бар Дороро мезанад, ки дар натиҷа охирин чанд маротиба аз ҳуш меравад. Дигар кормандони ҳузурдоштаи милитсия аз ин кор пешгирӣ намекунанд. Баъди гуфтугуҳо Доро мефаҳмад, ки нафари «бо либоси мулкӣ» сардори онҳо будааст.
Доро Маҳкамов илова мекунад, ки ин нафар латукӯбро бо дашномҳо «об» медод: «Боз ту будик будаӣ! (ин жаргон маънои сокини шимоли Тоҷикистон буданро дорад). Шумо, будикҳо, андозаро намедонед. Зидди давлат менависед. Ҳамаи рӯзномаҳоро нишон медиҳам, ҳамааш зидди давлат».
Ба гуфтаи ҷабрдида, дар бинои ШВКД ҳудуди 40 дақиқа истод, ки дар ин муддат даст, рӯй ва сараш ҷароҳат бардошт.
Адвокат Гулчеҳра Холматова дарзамон бо рӯзноманигори ҷабрдида дар робита шуд, ба ӯ ёрии зарурии ҳуқуқиро расонд ва маслиҳат дод, ки ташхиси тиббӣ гузарад.
Ба гуфтаи адвокат, дар натиҷаи латукӯб ба Доро Маҳкамов зарари сабуки ҷисмонӣ расонида шудааст.
19-уми сентябр масъалаи шиносоии нафари рӯзноманигорро латукӯбкарда ба миён гузошта шуд, вале ҷабрдида озордиҳандагони худро шинохта натавонист. 21-уми сентябр дар ҳузури адвокат кормандони хадамоти бехатарии ВКД аз ӯ дар бораи ҳодисаи рухдода баёнот гирифтанд. Дар ҳамин ҳол ӯ аз ҳуш рафт ва барояш ёрии таъҷилии тиббӣ даъват карда шуд.
Айни замон адвокат барои такроран гузаронидани рӯбарӯкунии ҷабрдида бо озордиҳандагони эҳтимолиаш дархост медиҳад.
«Аз рӯи ҳолатҳои ҳодиса, метавон гуфт, ки исбот кардани далели муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони шуъбаи минтақавии милитсия ба он хотир душвор хоҳад буд, ки ҷабрдида нафарони ӯро латукӯбкардаро дар ёд надорад. Инчунин, навори видеоии ҷараёни боздошти Доро Маҳкамов дар камераи назоратии кӯчаҳо вуҷуд надорад. Ҷустуҷӯи шоҳидони ҳодиса низ ба ҳамин хотир душвор мешавад, ки навори видеоӣ аз ҷои воқеа нест»,- мегӯяд Гулчеҳра Холматова.
Ба гуфтаи ӯ, дар бораи ҷинояти кормандони милитсия ба Прокуратураи генералии ҶТ ариза дода, инчунин оид ба тафтиши ѓайри самаранок ба ВКД ва Прокуратураи генералӣ шикоят бурда шуд, аммо Прокуратураи генералӣ аризаро ба Прокуратураи ноҳияи Сино фиристод.