Парвандаи Умар Бобоҷонов бозбинӣ мешавад

Имрӯз дар Суди ноҳияи Сино аз рўи даъво оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтиши ғайри самараноки парвандаи ҷиноятии марбут ба марги Умар Бобоҷонови 23-сола мурофиаи судӣ баргузор гардид.

Дар ин мурофиа адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова ваколатномаи намояндаи Прокуратураи генералиро дархост намуд. Тавре адвокат Гулчеҳра Холматова зикр кард: “Мо аз суд дархост кардем, ки бо ваколатномаи намояндаи Прокуратураи генералӣ шинос шавем. Суд тасмим гирифт, ки баъди пешниҳоди ваколатнома аз ҷониби намояндаи мақомоти прокуратура бозбинии парванда сурат мегирад”.

Гулчеҳра Холматова зикр намуд, ки бозбинии парванда имрӯз соати 15:00 дар Суди ноҳияи Сино доир хоҳад гардид.

Ёдовар мешавем, ки Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар Бобоҷонов сокини шаҳри Ваҳдат, барои тафтиши ғайри самараноки парвандаи ҷиноятии марбут ба марги писараш аз Додситонии кулли Тоҷикистон 350 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб кардааст. Бояд гуфт, ки чунин як аризаи даъвогӣ дар таҷрибаи судии ҷумҳурӣ аввалин аст.

Маълумот дар бораи қазия: 29-уми августи соли 2015 сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, донишҷўи донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов аз ҷониби кормандони милитсияи Ваҳдат латукўб шуда, ҳанўз ба ҳуш наомада, 4-уми сентябр дар беморхона вафот кард. Аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ваҳдат 1-уми сентябри соли 2015 тибқи моддаи 110, қисми 1 (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз беэҳтиётӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ оғоз карда шуд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги Умар Бобоҷонов ҷароҳати пўшидаи мағзи сар бо хунрезиҳо дар қисмати бофтаҳои нарм ва қисми болоии мағзи сар гуфта шуд.

Баъдтар, санаи 5-уми сентябри соли 2015, парванда ба қисми 3-и моддаи 110 (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст)-и КҶ ҶТ гузаронида шуд. Аз он замон Прокуратураи шаҳри Ваҳдат ду маротиба бо сабаби маълум нашудани шахсоне, ки бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд, парвандаро боздошт.

NoTorture.Tj