"Пешониамро шикастанд" Муноқишаи сарбозон тафтиш мешавад

Қурбоналӣ Ҳакимов, сарбози 23-солаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, иддао дорад, ки ҳангоми хидмат як сарбози аз худаш бузургтар ӯро латту кӯб карда, "устухони пешониашро шикастааст". Ҳакимов дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) хидмат мекунад ва моҳи ноябри соли 2018 ба артиш бурда шудааст.

Талоши мо барои донистани асли қазия аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ва Додситонии ҳарбии Тоҷикистон то ин дам бенатиҷа буд. Дар дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ аз мо хостанд, дар ин бора номаи расмӣ барем ва баъдан посух хоҳанд дод.

Вале ба қавли Қурбоналӣ Ҳакимов, мақомот ҳангоми мулоқот бо ӯ гуфтаанд, нисбат ба сарбозе, ки латту кӯбаш кард, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва тафтиш идома дорад.

Ин сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ду ҳафта боз дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ аст. Пизишкон рӯзи 10-уми сентябр дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, "ӯро бо шикасти устухони пешонӣ, латхӯрии майнаи сар, хунрезии зери пардаи сахти майнаи сар" овардаанд.

Қурбоналӣ Ҳакимов рӯзи 10-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шоми 20-уми августи имсол рух дод. Ба нақли Ҳакимов, он шаб мехост ба баҳси ҳамхидматонаш хотима бахшад, ки кӯҳнасарбозе бо оҳани кати хоб ба сараш задааст.

"Абдуманнон Гулмуродов мӯзаашро гум кард ва ба сарбозони аз худаш хурд гуфт, онро ёбед. Бо яке аз ҳамхидматон даст ба гиребон шуд. Рафта халос карданӣ шудам, ки бо оҳани кати хоб ба пеши сарам зад. Дигар чизеро дар ёд надорам. Вақте ба худ омадам, дар бемористон будам", -- гуфт Қурбоналӣ Ҳакимов.

Дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ ва мақомоти Додситонии ҳарбӣ ҳодисаи латту кӯби сарбозро шарҳ надоданд. Маълум нест, тафтиши дохилӣ чиро нишон додааст.

Худи Қурбоналӣ Ҳакимов мегӯяд, намояндагони Додситони ҳарбӣ ба беморхона омада, ба ӯ гуфтаанд, ки нисбат ба куҳнасарбоз Абдуманнон Гулмуродов парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Аз табобати сарбоз беш аз ду ҳафта мегузарад ва ҳанӯз осори латту кӯб дар сари ӯ мондааст. Мӯҳлати хидмати ӯ соли оянда ба охир мерасад.

Нуралӣ Қурбонов, пизишки бемористони Қарияи Боло, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи нахуст вазъи саломатии сарбоз хеле сангин буд ва “ҳоло нисбатан беҳтар шудааст”. Ӯ гуфт, сарбозро як бор аз пешонияш ҷарроҳӣ намуданд ва феълан таҳти назорати пизишкон қарор дорад.

Шикояти ин сарбоз аз латту кӯб шуданаш дар ҳоле сурат мегирад, ки моҳи октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш оғоз мегардад. Баъзе аз ҳуқуқшиносон мегӯянд, бо вуҷуди шикоятҳо аз муносибати ғайриқонунӣ нисбат ба сарбозон, ҳанӯз ҳам масъалаи латту кӯби онҳо дар артиш ҳамчун як мушкили доғ мондааст.

Дилафрӯз Самадова, намояндаи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ гуфт, мақомот бо ташкили вохӯрию қабули санадҳо барои пешгирии бадрафторӣ дар артиш корҳое анҷом додаанд, “вале мушкил пурра ҳал нашудааст”. Ин созмони ҷамъиятӣ дар шаш моҳи имсол аз волидони сарбозон дар бораи марг ва маъюб шудани фарзандонашон дар артиш 4 муроҷиат гирифтааст.

Самадова афзуд, “набудани назорати ҷиддӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, ба ҷавобгарӣ ҷалб нашудани омилони муносибатҳои бераҳмона ва набуди тафтиши холисона боис ба идомаи ҳодисаҳои бадрафторӣ дар артиш шудааст”.

Шикоят аз латту кӯби сарбозони тоҷик ҳодисаи нав набуда, борҳо тавассути расонаҳо садо додааст. Коршиносон мегӯянд, бадрафторӣ сабаб шудааст, ки баъзе ҷавонон аз хидмат дар артиш сарпечӣ мекунанд.

Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

Ozodi