Прокуратура далели тасдиқкунанда наёфтааст

Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур далели тасдиқкунандаи латукӯби корманди созмони байналмилалӣ дар Душанберо дарёфт накарда, оѓоз кардани парвандаи ҷинонятиро аз рӯйи ин ҳолат рад намудааст,- хабар дод ба «АП» адвокати ҷабрдида Дилшод Ҷӯраев.

Сухан дар бораи латукӯби сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милиса дар доираи амалиёти «Нелегал»-и 2-юми октябр меравад. Оид ба ин ҳолат қаблан Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки ҷабрдида ба он муроҷиат кардааст, хабар дода буд.

Ба гуфтаи Дилшод Ҷӯраев, Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур аризаи сокини Душанберо дар хусуси он, ки кормандони милиса ѓайриқонунӣ ба хонааш даромада, ӯро латукӯб кардаанд, рад намуд. «Прокуратура ариза дар мавриди оѓоз намудани парвандаро ба он хотир рад кард, ки тасдиқи далели мазкурро натавонист дарёфт кунад,- гуфт адвокат.

Ҳоло ҷониби ҳимоя аз болои Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур аризаи шикоятӣ омода карда истодааст, ки он ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода мешавад.

Сухангӯи ВКД Умарҷони Эмомалӣ ба «АП» хабар дод, ки ҳанӯз ҳам ҷабрдида дар ин маврид ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат накардааст. «Мо намедонем, ки ин милисаҳо кистанд ва оё милиса ҳастанд ё не. Зан ба мо дар мавриди ҳолати мазкур боре ҳам муроҷиат накардааст»,- гуфт сухангӯи ВКД.

Ёдовар мешавем, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар изҳороти худ навишта буд, ки рӯзи 2-юми октябр дар Душанбе кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансур корманди 34-солаи созмони байналмилалиро латукӯб кардаанд.

«Ба гуфтаи ӯ, воқеа ҳангоми рейди тафтиши шиносномаҳои шаҳрвандон, аввали моҳи октябр, дар доираи амалиёти «Нелегал» рух додааст. Зан бо чанд нафар корманди милиса рӯ ба рӯ мешавад, вақте ки онҳо аз дари ҳуҷрааш медароянд. Ҳамчун соҳибхона, ӯ кӯшиш мекунад вазъро равшан созад ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод мекунад. Аммо кормандони милиса бо тасдиқи он, ки ҳоло дар меҳмонии ӯ шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранду шиносномаҳояшон бояд санҷида шавад, ба ҳуҷра ворид шуданро идома медиҳанд»,- хабар додааст торнамои Эътилоф.

Ҷабрдида кӯшиш кардааст амали кормандони милисаро дар телефони мобилиаш сабт намояд, аммо чун ӯ ва меҳмононашро ба ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур мебаранд, шадидан латукӯб мешавад.

Боздоштшудаҳоро дар он ҷо зиёда аз 4 соат нигоҳ медоранд. Ниҳоят, онҳоро бо гирифтани забонхат, ки нисбаташон ягон шикоят надоранд, нисфи шаб раҳо мекунанд.

Эътилоф ба ҷардида хизмати адвокатӣ ва ёрии зарурии ҳуқуқиро таъмин намудааст.

Asia-Plus