Прокуратураи генералӣ парвандаи Исмонбой Бобоевро барои тафтиши иловагӣ фиристод

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар посух ба аризаи адвокат оид ба парвандаи Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 дар натиҷаи шиканҷаи эҳтимолӣ дар РМЗҶМ-и вилояти Суѓд вафот кард, зикр менамояд, ки парвандаи мазкур барои тафтиши иловагӣ ба ВКД ҶТ фиристода шудааст.

Посухи Прокуратураи генералӣ ба адвокат 6-уми феврали соли 2018 бо имзои муовини Прокурори генералии кишвар В. Ваҳобов гардонида шудааст. «Маълум менамоем, ки бо қарор аз 2-юми феврали соли 2018 қарорҳои қаблан дар бораи қатъ кардани парванда баровардашуда бо сабаби ҷой доштани нақзи КМҶ бекор карда ва парванда барои тафтиши иловагӣ ба раёсати тафтишотии ВКД ҶТ ирсол карда шудааст»,- гуфта мешавад дар мактуби Прокуратураи генералӣ.

Адвокат Шарипов Абдураҳмон зикр менамояд, ки «тибқи талаботи моддаи 161-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои аз ҷониби муфаттишон ва шахсони ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ содиршуда, инчунин оид ба ҷиноятҳои нисбати шахсони зикргардида вобаста ба фаъолияти кориашон содиргардида тафтишоти пешакӣ аз ҷониби муфаттишони прокуратура гузаронида мешавад». Бо ин асос ҷониби ҳимояи қурбониёни шиканҷа талаб мекунанд, ки тафтишот самаранок ва аз тарафи мақоми беѓараз гузаронида шавад, тавре ки раёсати тафтишотӣ оид ба тафтиши ҷиноятҳои махсусан вазнини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дорад.

Шоира Давлатова, директори иҷроияи ТҶ «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» (ташкилоти мазкур узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад), ки хизматрасонии адвокат Шарипов А. П.-ро таъмин намудааст, мегӯяд: «… мувофиқи муқаррароти қабулнамудаи Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар мавриди парвандаи Бобоев И. Ҷ. тибқи банди 4-и моддаи 5-и Протоколи иловагӣ 3… давлати узв уҳдадор аст, ки аз ҷумла чораҳои зарурӣ: а) гузаронидани тафтиши фаврӣ ва беѓаразонаи шиканҷа ва марги Исмонбой Бобоев, инчунин ҷалби гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ; б) ба таври доимӣ иттилоърасонӣ ба муаллиф аз рафти тафтишотро андешад». «Ҳамзамон, ҷинояти «шиканҷа» ба категорияи «ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин» дохил мешавад ва дар чунин шакли ҷиноят омилҳое ба мисли гузаштани муҳлат ва созиши ҷонибҳо тадбиқ намешаванд»,- меафзояд ӯ.

Аз ҷониби ташкилот рӯзи 12-уми феврал ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз нақзи қоидаҳо дар тафтишоти парвандаи ҷиноятии мазкур муроҷиати хаттӣ ирсол карда шудааст.

Дар бораи парвандаи ҷиноятии мазкур аз ин ҷо метавон маълумоти бештар пайдо намуд.

NoTorture.Tj