Article Pages

Баҳриддин - як сарбози вазорати дифои Тоҷикистон, ки аз сӯи ҳамхизматаш латукӯб шуда буд, баъд аз 20 рӯз ба по хест. Масъулони вазорати дифоъ мегӯянд, ки ӯ то замони шифо ёфтанаш дар бемористон мемонад. Масъулони қисми низомии 12019-и нерӯҳои зудамали вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯянд, сарбози латукӯбшуда Баҳриддин Насриддинов то замони шифо ёфтанаш дар бемористони Қарияи Боло мемонад. Пас...

25.03.2015 - 12:39

Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, тафсияҳои худро ба давлат ироа кардааст. Тибқи гузориши Омбудсмани Тоҷикистон дар соли 2014 дар ин кишвар, шикоёти шаҳрвандон дар нисбат ба мақомоти интизомӣ афзоиш ёфта ва шикоёт дар робита ба мақомоти додгоҳӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта коҳиш ёфтааст. Ба ҳар рӯй,...

19.03.2015 - 09:50

Бино ба гузориши солонаи омбудсмени Тоҷикистон ё ваколатдори ҳуқуқи инсон, дар соли 2014 дар зиндонҳои кишвар 80 маҳбус ҷон додаанд. Иллати марги 25 маҳбус бемории сил будааст. Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмен дар Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 80 зиндонии тоҷик дар шифохона ва муассисаҳои муолиҷавии тобеи вазорати адлия вафот кардаанд. 25 нафари ин зиндониён аз бемории сил ва...

18.03.2015 - 10:28

Ба Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон рӯзи 10-уми март сокини ноҳияи Варзоб Туйчӣ Аминов оид ба рафтори ғайриқонунии кормандони ШВКД-и ноҳияи Варзоб шикоят кард. Тавре ба «АП» Абдураҳмон Шарипов, корманди ташкилоти ҳуқуқҳимоякунандаи номбаршуда гуфт, Туйчӣ Аминов хабар медиҳад, ки 5-уми марти соли 2015 тахминан соати 21 бе ягон шарҳу асос ба хонааш се нафар мард медароянд. - Як нафари...

16.03.2015 - 09:40

Сарбози қисми низомии 07017-и воқеъ дар ноҳияи Бохтари Вазорати мудофиаи ҶТ аз силоҳ ба сӯйи ҳамхизмати худ тир холӣ кард. Алимардонзода Маҳмудалӣ Амрияздон, прокурори прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи аввали рӯзи 10-уми март миёни сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ Илҳом Бобоев, ки дар навбатдорӣ қарор дошт ва Исломиддин Искандар муноқиша...

13.03.2015 - 16:50

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, шахсе, ки ҳамхизматаш Баҳриддин Насриддинов -- сарбози вазорати дифои Тоҷикистонро латукӯб кард, боздошт шудааст. Баҳриддин аз чанд рӯз ба ин тараф дар бемористон бистарӣ мебошад. Муфаттиши парвандаи латукӯби Баҳриддин Насриддинов, сарбози вазорати дифоъ мегӯяд, сарбозе, ки Баҳриддинро латукӯб кардааст, дастгир шуда ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Фирдавсӣ...

12.03.2015 - 09:58

Як сарбози нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо осеби ҷиддии косахонаи сар чор рӯзи охир дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Қарияи боло бистарӣ шудааст. Наздикони Баҳриддин Насриддинови 22-сола сешанбеи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ ҳангоми ҷанҷол бо як ҳамхидматаш зарб бардоштааст. Гулчеҳра Насриддинова, модари сарбоз, ки бо мо дар бемористони Қарияи Боло сӯҳбат мекард...

10.03.2015 - 22:41

Ташхиси психологӣ ҳаҷми зарари маънавии Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшудаи тоҷикро 180 ҳазор сомонӣ муайян кардааст, ки ин нисбат ба маблағе, ки қаблан хонаводаи Мирзоев аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ талаб доштанд, бештар мебошад.  Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев, имрӯз, 10 март дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, минбаъд дар додгоҳ ба ҷои 144 ҳазор...

10.03.2015 - 13:07

Волидони ду ҷавон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бовар доранд, фарзандонашон дар зери зарбу латти маъмурони пулис як ҳолати ғоратгариро ба гардан гирифтаанд. Волидони Шерзод Алиев ва Ойбек Холматов, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, иддао доранд, маъмурони пулис таҳти фишор ва зарбу лат як ҳолати ғоратгариро ба гардани фарзандонашон бор кардаанд. Онҳо аз раисиҷумҳури Тоҷикистон ва...

10.03.2015 - 09:50

Додгоҳ барои рӯшан кардани он ки оё Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми даъвати тирамоҳии артиш латту кӯб шудааст ва ё худро аз мошин ба берун партофта, ҷароҳат бардоштааст, ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ таъин кард. Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд барои дақиқ кардани он ки оё Саидалӣ Ҳақбердиев – сокини 24-солаи шаҳри Панҷакент, воқеан, ҳангоми "облава" латту кӯб шудааст ваё аз мошин парида ҷароҳат...

05.03.2015 - 17:26

Страницы