Article Pages

Фармондеҳони полк, баталйон ва ротаи қисми низомии 04080-и шаҳри Конибодом дар робита ба марги сарбози навдаъватшуда Фирдавс Раҳматови 22-сола аз хизмат барканор шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, се нафар ҳамхизматони сарбози марҳум ба гумони даст доштан дар куштори ӯ ба ҳабс гирифта шудаанд. «Тақдири минбаъдаи...

16.06.2015 - 13:59

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти Зоир Ниёзовро рад карда, 13 сол ҳукми зиндони ӯ бо ҷурми бадрафторӣ нисбат ба ду донишҷӯи мактаби олии КДАМ-ро, ки сабаби марги яке аз онҳо шудааст, бетағйир гузоштааст. Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта баъди баррасии шикояти Зоир Ниёзов 13 сол ҳукми зиндони ин курсант (донишҷӯ)-и соли сеюми Мактаби олии  Кумитаи давлатии амнияти...

15.06.2015 - 13:04

Наздикони сокини дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ ҳалокшуда Шамсиддин Зайдуллоев ва адвокати онҳо Саймумин Кабиров мегӯянд, ҷавон бар асари лату кӯбу шиканҷа ба ҳалокат расидаааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи натиҷаҳои расмии ташхиси судиву тиббӣ, ӯ дар натиҷаи бемории варами шуши дутарафа ҳалок шудааст. Адвокат Саймумин Кабиров, ки хизматгузориаш аз ҷониби...

12.06.2015 - 08:58

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мурофиаи даъвои волидони Хушвахт Қаюмови 17-сола, сокини ноҳияи Ёвонро барои пардохти 50 ҳазор евро, муодили 300 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ аз ҷониби вазорати корҳои дохилӣ, шурӯъ кардааст. Хуршед Исоев, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиа намояндагони вазорати корҳои дохилӣ ва Хушвақт Қаюмов бо падараш ҳузур...

12.06.2015 - 08:41

Додситонии ҳарбии Суғд мегӯяд, зидди сарбозоне, ки ҳамхидмати худ Фирдавс Раҳматовро ба ҳалокат расонидаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ки ҷузъиёти он эълон хоҳад шуд. Ашӯрмат Зарифӣ , сардори шуъбаи тафтиши Додситонии ҳарбии вилояти Суғддар суҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ дар бораи натиҷаҳои ибтидоии таҳқиқи марги сарбоз Фирдавс Раҳматов гуфт: “Сабаби ба ҳалокат расидани сарбоз - Фирдавс...

11.06.2015 - 14:47

Вазорати дифои Тоҷикистон барои таҳқиқи марги Фирдавс Раҳматов, як наваскари 22-сола, ки баъд аз як моҳи сарбозӣ ҷасадаш ба хона оварда шуд, гуруҳи тафтишотие ташкил кардааст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ рӯзи 11 июн дар суҳбат бо “Озодагон” бо тасдиқи ин хабар гуфт, инчунин аз сӯи додситонии ҳарбии гарнизони вилояти Суғд низ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ...

11.06.2015 - 12:05

Урунбек Тошев, собиқ корманди комиссариати ҳарбии Панҷакент, ки дар латту кӯби Саидалӣ Ҳақбердиев, як ҷавони 24-солаи тоҷик муттаҳам мешавад, бо қарори Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд се сол аз ҳаққи ишғоли вазифа дар мақомоти низомӣ маҳрум шудааст.  Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои Ҳақбердиев имрӯз, 10 июн ба “Озодагон” гуфт, аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва шикояти кассатсионӣ хоҳанд...

11.06.2015 - 09:19

Волидони Фирдавс Раҳматов, як ҷавони 22-солаи тоҷик, ки пас аз як моҳи сарбозӣ дар қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷасадаш ба хона интиқол ёфтааст, мегӯянд, аз натиҷаи ташхиси тиббии марги фарзандашон розӣ нестанд.  Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мебошад, ки рӯзи 7 майи соли равон...

10.06.2015 - 10:31

Маҳмурод Одинаев падари маҳбус Сунатулло Ризоев ба нишони ҳимоят аз ҳуқуқҳои фарзандаш дар маҳбаси Хуҷанд барои баргузор кардани пикет ба Вазорати адлияи Тоҷикистон ариза пешниҳод кард. Маҳмурод Одинаев падари маҳбус Сунатулло Ризоев рӯзи 9 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин рӯз ба Вазорати адлияи Тоҷикистон аризаи баргузории як пикетро пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи вай дар ин маърака ба қатъи...

08.06.2015 - 15:22

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд дар пайи анҷоми ташхиси тиббии судӣ ба баррасии парвандаи ҷиноӣ алаҳи Урунбек Тошев, собиқ корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, ки дар латту кӯби Саидалӣ Ҳақбердиев, як ҷавони 24-солаи тоҷик муттаҳам мешавад, идома медиҳад. Аз “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки мурофиаи додгоҳӣ фардо, 5 июн дар Додгоҳи ҳарбии Хуҷанд...

04.06.2015 - 14:25

Страницы