Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ба Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон рӯзи 10-уми март сокини ноҳияи Варзоб Туйчӣ Аминов оид ба рафтори ғайриқонунии кормандони ШВКД-и ноҳияи Варзоб шикоят кард.
Тавре ба «АП» Абдураҳмон Шарипов, корманди ташкилоти ҳуқуқҳимоякунандаи номбаршуда гуфт, Туйчӣ Аминов хабар медиҳад, ки 5-уми марти соли 2015 тахминан соати 21 бе ягон шарҳу асос ба хонааш се нафар мард медароянд.
- Як нафари мардҳо либоси низомӣ ва дуи дигар либоси мулкӣ ба бар доштаанд. Ин нафарон талаб кардаанд, ки Аминов бо онҳо ба ШВКД равад, аммо худро шинос накардаву шарҳ ҳам надодаанд, ки Аминов ба чӣ гумонбар дониста мешавад,- мегӯяд Шарипов.
Ба гуфтаи ӯ, Аминов ба қонунӣ будани рафтори онҳо шубҳа бурда, ҳамроҳашон рафтанро рад мекунад ва талаб мекунад, ки сабаби ба милисахона бурданашро шарҳ диҳанд.
- Тавре аз нишондоди худи Аминова Т. бармеояд, се нафари барояш ношинос ӯро аз хона ба ҳавлӣ бароварда, ба хотири бо онҳо нарафтанаш дар ҳузури ҳамсар ва се кӯдаки ноболиғаш латукӯб мекунанд,- илова кард Шарипов.
Тавре ӯ зикр намуд, Аминов Т. ба ташхисгарони судӣ-тиббӣ муроҷиат кардаву онҳо санад тартиб додаанд, ки зарари ҷисмонӣ дидани ҷабрдидаро тасдиқ мекунад.
11-уми март Аминов Т. бо ариза дар бораи рафтори ғайриқонунии кормандони ШВКД ба Прокуратураи ноҳияи Варзоб муроҷиат кардааст. Ба ариза ҳамзамон санади судӣ-тиббӣ замима гардидааст.
- Ҳангоми ироаи нишондод дар Прокуратураи ноҳияи Варзоб ба Аминов Т. маълум мегардад, ки ҳамаи се нафари нисбаташ аз зӯроварӣ истифодабурда воқеан кормандони ШВКД-и ноҳияи Варзобанд,- хабар дод ҳимоятгари ҳуқуқ ва зикр кард, ки айни замон дар асоси аризаи Аминова Т. оид ба рафтори милисаҳо санҷиши прокурорӣ рафта истодааст.