Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар Машварати муқаддамотии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, ки рӯзҳои 2-3 июл дар Душанбе доир гардид, мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва нерӯҳои мусаллаҳ» низ баррасӣ шуд. Зимнан намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон роҷеъ ба хизмати ҳарбӣ ва мушкилоти ҳалталаби он табодули назар карданд.
Дар ин бахши машварати муқаддамотӣ полковник Ҳусния Хушдилова, сардори шӯъбаи кор бо ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи ҶТ гуфт, ки даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар маъракаи умумидавлатии сиёсист. Ҳамзамон номбурда оид ба ҷой доштани сафарбаркунии иҷбории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ё ба истилоҳ “облава”, инчунин дуруштрафтории сарбозони калонсол нисбат ба навдаъватон, ё “дедовшина” чунин ибрози назар кард:
- Ҳамчун намояндаи вазорат гуфтанӣ нестам, ки масъалаи мазкур вуҷуд надорад. Вуҷуд дорад. Мо байни ҷавонони ба сафи қувваҳои мусаллаҳ кашидашуда пурсише гузарондем. Ва 70% онҳо гуфтанд, ки даъватнома гирифтаанду лекин аз хизмат саркашӣ мекунанд. Дар ин ҳолат мақомоти дахлдор роҳи маҷбуркуниро пеш мегиранд. Маҷбур мешаванд, ки ҷавононро аз хонаву кӯчаву аз бозорҳо кобанд.
Дар навбати худ Дилрабо Самадова, узви Шабакаи байнулмилалии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон «Ҷомеа ва артиш» таъкид сохт, ки Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ӯҳдадор аст, меъёрҳои Кодекси рафтори ин созмони байнулмилалиро, ки ба ҷанбаҳои низомиву сиёсии таъмини бехатарӣ марбутанд, иҷро кунад. Дар робита Тоҷикистон ва дигар кишварҳои аъзо бояд 4 принсипи аслии ин кодексро риоя кунанд: таъмини раванди демократӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои сарбозону афсарон, санадҳои байнулмилалии башардӯстона ва фаъолияти мақомоти низомӣ дар вақти низоъҳои дохилӣ.
Ҳамзамон Дилрабо Самадова иброз дошт, ки Кодекси САҲА хизматчии ҳарбиро узви комилҳуқуқи ҷомеа медонад, на восита ё аслиҳа дар дасти давлат. Ба гуфтаи ӯ, хизмати сарбозон метавонад баъзе маҳдудиятҳоро дошта бошад, масалан, маҳрумияти муваққатӣ аз хоб ва ғизо. Аммо ин маҳдудиятҳо бояд қонунӣ ва барои мақсадҳои хизмати ҳарбӣ зарур бошанд.
«Муносибати бераҳмона, зӯроварӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва дуруштрафтории сарбозони калонсол нисбат ба навдаъватон, ба ибораи дигар “дедовшина” - чунин амалҳо поймолсозии дағалонаи ҳуқуқи инсон мебошанд. Истифодаи муносибати бераҳмона ва “дедовшина” бояд барҳам дода шавад. Дар акси ҳол, чунин вазъият ба худкушиҳо, фирори сарбозон аз қисмҳои низомӣ, ҷазодиҳӣ бидуни ҳукми суд ва кушторҳо дар казарма, инчунин коҳиши эҳсоси ватанпарастӣ миёни аҳолӣ боис мегардад», - афзуд коршиноси масоили артиш.
Самадова ҳамчунин изҳор дошт, ки дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеа зарурати ворид кардани хизмати алтернативии ғайринизомӣ вуҷуд дорад. Ин навъи хизмат бояд ба пуррагӣ аз хизмати ҳарбӣ ҷудо карда шавад, яъне он бояд берун аз воҳиди низомӣ ё дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ бидуни истифода аз аслиҳа ба роҳ монда шавад.
Дар идомаи ҷаласа муовини раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Мамлакат Ҷайчиева ба намояндаи Вазорати мудофиаи ҶТ бо суол муроҷиат кард, ки «оё фарзандони мансабдорони мо дар артиш хизмат мекунанд ё на?»
Полковник Ҳусния Хушдилова дар посух ба ин пурсиш гуфт: «Мутаассифона, дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон фарзандони мансабдорон қариб ки нестанд. Ҳатто агар бошанд, ҳамон ҳам фарзандони раисони маҳаллаҳо, ки ба хотири намуна шудан фарзандонро барои хизмат сафарбар мекунанд. Лекин шумораи фарзандони мансабдорон ҳамчун афсар зиёданд. Фарзандони хизматчиёни давлатӣ аз табақаҳои болоӣ сар карда, то ба вазирон, ҳама хизмат мекунанд. Ин ҳам хизмат аст. Хизмати афсарӣ ҷавобгариаш баландтар аст, зеро барои сарбозон ҷавобгар аст».
Дар шарҳи ин масъала намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуров низ ибрози назар кард:
- Қонун донишҷӯёнеро, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳсил мекунанд, аз хизмат кардан ба сифати сарбози қаторӣ озод кардааст. Ин ҷо фарзандони мансабдоронро ёд кардед. Агар хато накунам, 90% онҳо донишҷӯй ҳастанд, мехонанд, барои ҳамин ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешаванд. Ҳоло дар назди бисёр донишгоҳҳо кафедраҳои ҳарбӣ амал мекунанд ва онҳо донишгоҳ ё донишкадаҳоро бо диплом ва рутбаи афсарӣ хатм мекунанд. Онҳо барқасдона не, балки аз ҳуқуқи худ истифода мекунанд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ҳар кадоме донишҷӯ нест, новобаста аз кадом оила буданаш, ҳатман хизмати ҳарбӣ кунад.
Ҳамзамон рӯзноманигор Азиз Фаттоҳ дар мавриди ғайриқонунӣ ҷалб шудани хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба хизмати ҳарбӣ чунин мисол овард:
«Дар ноҳияҳо масъалаи “облава” ҷиддист. Дар ягон давлат ба дараҷаи мо нест. Бисёр ҷавонон ба ҳамин хотир гурехта мераванд. Хуб мешуд, ки роҳбарони ноҳияҳо пеш аз даъвати ҳарбӣ бо мардум кор баранд. Маслан, дар Шаҳритус кор ба дараҷае расидааст, ки хонандагони мактабҳои миёнаро гирифта бурда истодаанд. Прокуратураи ҳарбии вилояти Хатлон аз болои масъулони ноҳияи Шаҳритус парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Чунки 23 нафар хонандаи синфи 11-ро ба хизмати ҳарбӣ равон кардаанд».
Дар ҷамъбаст иштирокдорони ҷаласа тавсия карданд, ки вазъи афсарону аскарон беҳтар карда шавад, зӯроварӣ дар сафи артиш коҳиш ёбад, инчунин масъулон барои сафарбаркунии ғайриқонунии ноболиғон ва шаҳрвандони кишварҳои дигар ба хизмати ҳарбӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.