Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
"Мо қонунгузории хеле хуб дорем, ки яке аз қонунгузориҳои пешрафтатарин аз нуқтаи назари таъмин намудани кафолатҳои ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судии ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Аммо дар амал чӣ рӯй медиҳад?",- савол дод Гулчеҳра Холматова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ", роҳбари гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ дар конфронси "Мубориза бар зидди шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо", ки 25 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тибқи суханони ӯ, ҳамаи ин хулосаҳо ба таҳлили фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилоф, ки таҳти раҳбарии ӯ қарор дорад ва ҳамчунин фаъолияти адвокатии ӯ асос ёфтаанд.
"Мушкилоти аз ҳама муҳим барои мо ин ба таври устувор мавҷуд набудани тафтиши самаранок ва саривақтии шикоятҳо оид ба шиканҷа мебошад. Ба фикри мо, афзоиши муроҷиатҳо ба ташкилотҳои чамъиятӣ барои ёрии ҳуқуқӣ бо он алоқаманд аст, ки шаҳрвандон на ҳама вақт аз натиҷаи муроҷиаташон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қаноатманд мебошанд", - қайд намуд ҳомии ҳуқуқ.
Ба гуфтаи ӯ, таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳама шикоятҳо мавриди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона то мурофиаи судӣ расонида мешаванд ва он бинобар сабабҳои сершуморе ба вуҷуд меояд. "Мавҷуд набудани заминаи далелҳо, коршиносони мустақили тиббӣ ва судӣ, даст кашидани ҷабрдидагон аз муроҷиати минбаъда бинобар рӯҳафтодагӣ, изтироб, фишор, норасоии воситаҳои молиявӣ ва вақт барои "охурча кардани остона"-и мақомоти салоҳиятдор, надоштани дониши ҳуқуқӣ, масъулияти мутақобила байни баъзе мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияҳои алоҳида ва ғайраҳо", - номбар кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона аксаран аз шикояти минбаъда аз болои амалҳои мақомоти тафтишотӣ даст мекашавнд, ки мутаносибан боиси беҷазо мондани “шиканҷагарон” мегардад. Сабаби аввал тӯлонӣ ва мураккабии раванди аризаҳои баррасишаванда мебошад. Бисёре аз қурбониён аз дар ба дар гаштани беохир ба мақомотҳои гуногун хаста мешаванд. Илова бар ин, таъқиб ва таҳдиди қурбониён, адвокатҳо ва хонаводаҳои онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба шиканҷа айбдор мешаванд. Ин як монеаи назаррас мебошад, зеро дар айни замон, сарфи назар аз қонуни махсус, кафолати муассири ҳифзи аризадиҳандагон ва шоҳидон аз таъқиб вуҷуд надорад.
Ҳамчун сабаби навбатӣ ваҳми қурбониёни шиканҷаро қайд кардан мумкин аст, ки бинобар тарс аз қасоси эҳтимолии "шиканҷагарон" аз идома додани шикоятҳои минбаъда даст мекашанд.
"Парвандаҳои ҷиноятӣ баста шуда, гунаҳкорон бе ҷазо мемонанд", - махсус қайд кард Гулчеҳра Холматова.
Тибқи суханони ӯ, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон таҳти зӯроварӣ, шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор додани иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро манъ мекунад. Дар моддаи 88-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ оварда шудааст, ки далелҳое, ки ҳангоми пешбурди тосудӣ бо истифода аз шиканҷа ба даст оварда шудаанд, беэътибор дониста мешаванд ва ба асоси айбдоркунӣ гузошта намешаванд. "Сарфи назар, вақте ки айбдоршаванда дар ҷараёни мурофиа даъво мекунад, ки ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифтааст, судҳо ин аризаҳоро сарфи назар карда, танҳо бо даъват ва пурсиши муфаттишону кормандони оперативии мақомоти корҳои дохилӣ маҳдуд мешаванд», - қайд намуд ӯ. Хусусияти амалияи татбиқи ҳуқуқи марбут ба шикоятҳои мавриди истифодаи шиканҷа аз он иборат аст, ки дар сатҳи миллӣ гузаронидани тафтишоти расмӣ амалан ғайриимкон аст. Шикоятҳо нисбати истифодаи шиканҷа аз ҷониби мақомоти тафтишотии прокуратура ба қайд гирифта шуда, тибқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар тафтиш карда мешаванд. Дар аксари ҳолатҳо, сарфи назар аз ошкор будани ҳодиса, мавҷудияти ҷароҳатҳои ҷисмонии бақайдгирифташуда ва нишондоди шоҳидон, дар бораи рад кардани оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул карда мешавад.
Конфронс аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Хазинаи Зигрид Раузинг ташкил карда шуд.
Ҳадафи асосии конфронс аз муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон иборат буд.
Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратураҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятие, ки аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошанд ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.