Роҳнамо чист ва барои чӣ он лозим аст?

Субҳ ба хайр, дустон!

Ҳафтаи нави хабаррасониро оиди барномаи мобилии "Ман ва ҳуқуқҳои ман"  оғоз мекунем. Имрӯз мо ба Шумо дар бораи роҳнамо нақл мекунем, ки дар ҳарду қисми барномаамон вуҷуд дорад.

Роҳнамо чист ва барои чӣ он лозим аст? Роҳнамо, роҳи шуморо аз вазъият ба ҳалли он ташаккул медиҳад, яъне аз руйи ҳар як зерқисмат иттилоот бо суроғаҳо ва маълумот барои тамос барои муроҷиат кардан ба мақомотҳои салоҳиятдор барои вокуниш мавҷуд мебошад. 

Ҳамин тавр, агар шумо қурбонии шиканҷа шудед, дар раҳнамо Шумо метавонед маълумотҳоро барои тамос ва ба куҷо барои кӯмак гирифтан дар вазъияти мушаххаси худ пайдо кунед. Инҳо телефонҳои боварии гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи минтақаҳо ва телефонҳои боварии мақомотҳо мебошанд, ҳамаи ин хизматрасониҳо ройгон расонида мешаванд.

Барномаи мобилиро зеркашӣ кунед, то тамосҳои муҳимро дар даст дошта бошед. Ҳама чиз то ҳадди имкон дастрас ва аз ҳама муҳимтар офлайн, ба шумо дастрасӣ ба интернет барои истифода бурдани барнома лозим нест.

Хотиррасон менамоем, ки ҳамаи фаъолиятҳо бо дастгирии барномаи Евразиягии Фонди  Ҷамъиятҳои Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг Траст амалӣ гашта истодаанд. Инчунин чорабиниии мазкур дар доираи лоиҳаи идораи БРСММ дар Тоҷикистон "Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои одамон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби ТҶ «Центр по правам человека» татбиқ карда мешавад, бо дастгирии молиявии ВКХ Финляндия гузаронида шуда истодааст.

#HRCTajikistan #HumanRights #mobileapp #informationcampaign #Tajikistan

#ЧорабинииИттилооти # МанваҲуқуқҳоиМан #БарномаиМобили #БотТелеграм