Рӯзи байналмилалии бидуни зӯроварӣ: роҳбари СММ аз мероси Маҳатма Гандӣ ёдовар шуд

Маҳатма Гандӣ чунин мешуморид, ки зӯроварӣ бузургтарин қудрат дар дасти инсоният - назар ба дилхоҳ силоҳ тавонотар аст. Дар ин бора Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар паёми худ бахшида ба Рӯзи байналмилалии бидуни зӯроварӣ ёдовар шуд.

Рӯзи байналмилалии бидуни зӯровариро ҳамасола 2-юми октябр, дар рӯзи тавлиди Маҳатма Гандӣ, раҳбари ҷунбиши истиқлолхоҳии Ҳиндустон ва бунёдгузори фалсафаву стратегияи бидуни зӯроварӣ таҷлил мекунанд.

Мутобиқи қатъномаи Ассамблеяи Генералӣ аз 15-уми июни соли 2007, ин Рӯзи байналмилалӣ ҳамчун як василаи дигар барои «тарғиби шиори бидуни зӯроварӣ, аз ҷумла тавассути чорабиниҳои таълимӣ ва корҳои ҷамъиятӣ-огоҳсозӣ» хизмат мекунад. Дар қатънома «аҳамияти универсалии принсипи зӯроварӣ», инчунин хоҳиши «тасдиқи фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва бидуни зӯроварӣ» тасдиқ карда мешавад.

"Дар Рӯзи байналмилалии бидуни зӯроварӣ мо на танҳо зодрӯзи Маҳатма Гандиро таҷлил менамоем, балки арзишҳоеро, ки ӯ ҳаёти худро ба онҳо бахшидааст, бори дигар тасдиқ мекунем: баробарӣ, эҳтиром, сулҳ ва адолат",- омадааст дар паёми Дабири кулли СММ.

Антонио Гутерриш бо таассуф қайд кард, ки бар хилофи идеяҳои таблиғкардаи Гандӣ, ҷаҳони муосир пур аз зӯроварист: дар тамоми ҷаҳон - аз Украина то Судон ва Ховари Миёна низоъҳо идома доранд. Ба гуфтаи роҳбари СММ, ҷанг харобӣ, фақр ва тарсро ба вуҷуд меорад. Нобаробарӣ ва бесарусомонӣ асосҳои сулҳро вайрон мекунанд. Нафрати дар интернет пайдошуда ба кӯчаҳо мерезад.

Антонио Гутерриш мегӯяд, ки Саммити моҳи гузашта дар Ню Йорк баргузоргардида ба ҷаҳон умед бахшид: кишварҳо муттаҳид гаштанд, то ба муносибати бисёрҷониба замина гузоранд. «Ҳоло мо бояд ин уҳдадориҳоро амалӣ кунем», - хулоса кард Дабири кулл.

news.un.org