Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн

Аксияву чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн[1] 

Аз 26-уми май то 26-уми июни соли 2020 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабинии моҳонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа баргузор менамояд.

Давоми як моҳ дар мониторҳои супермаркетҳо, марказҳои савдо, марказҳои тиҷоратӣ ва дигар ҷойҳо дар тамоми шаҳри Душанбе роликҳо бахшида ба озодӣ аз шиканҷа намоиш дода хоҳанд шуд.

Дар торнамои Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби иттилоотӣ дар мавриди амалисозии Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 ҷой дода мешаванд. Нақшаи миллӣ 22 бандро дар бар мегирад ва мо оид ба ҳар як кадоми онҳо хабарномаҳои иттилоотӣ дар мавриди иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа СММ таҳия намудем, ки соли 2019 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардида буданд.

4-уми июни соли 2020 аз соати 11:00 то 12:00 дар радиои «Азия-Плюс» дар барномаи навбатии «Вақти донистан аст!» бо радиошунавандагон дар мавзуи «Мо ба қурбониёни шиканҷа, хешовандони онҳо ва нафароне, ки адолат мехоҳанд, кӯмак мерасонем. Шумо бошед, метавонед ба мо кӯмак расонед!» суҳбати мустақим доир мегардад, ки шумо метавонед онҷо саволҳои худро оид ба мавзуи озодӣ аз шиканҷа ба ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - Абдураҳмон Шарипов (ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон») ва Хушбахт Исоев (ТҶ «Дунёи ҳуқуқ») пешниҳод намоед.

Барномаи радиоиро дар шаҳри Душанбе, НТМ, Бохтар, Леваканд (Сарбанд), Кӯшониён, Румӣ ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар рӯйи мавҷи 107.0 FM, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рӯйи мавҷи 104.4 FM, инчунин дар www.asiaplusradio.tjwww.asiaplustj.info гӯш кардан мумкин аст.

Ба ғайр аз ин, ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа китоби «Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта» (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррири адабӣ - Наргис Ҳамробоева)-ро омода намудааст, ки дар бораи тақдири фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё «меҳтарсолорӣ» гардида қисса мекунанд.

Дар доираи аксия инчунин матолиби иттилоотӣ оид ба мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода хоҳанд шуд.

Навгониҳои моро пайгирӣ намоед:

Дар торнамои http://notorturetj.org/

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj


[1] Гузаронидани чорабиниҳои зикргардида дар доираи лоиҳаи «Пурзӯр намудани фаъолиятҳо барои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунандаи Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо \Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон маблағгузорӣ мешавад, имконпазир гардид.

NoTorture.Tj