Саида Иноятова - дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои занони дорои маъюбият дар Тоҷикистон

Саида Иноятова аз ташкилоти ҷамъиятии Лигаи занони маъюби «Иштирок» зимни Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар мавзӯи «Пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқҳои занони дорои маъюбият дар Тоҷикистон» баромад намуд.

Ӯ дар суханронии худ қайд кард, ки дар ҷаҳон 15 дарсади аҳолӣ, яъне беш аз 1 миллиард нафар дорои маъюбият ҳастанд, аммо камтар аз 5 дарсади кӯдакону ҷавонони дорои маъюбият ба таҳсилу тренингҳо дастрасӣ дошта, дар ин самт духтарону занон дар ҳолати осебпазирии бештар қарор доранд.

«Духтарону занони дорои маъюбият дар роҳи иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва рушд бо монеаҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд ва аз ин рӯ, дар ҳолати осебпазирии фавқулода қарор доранд. Умуман, шахсони дорои маъюбият аксар вақт ёрии тиббии заруриро намегиранд ва бахусус занони дорои ҳаракати мушкил аксар вақт ба ташхиси саратони сина ва гарданаи бачадон дастрасӣ надоранд»,- зикр намуд коршинос.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, баробарии гендерӣ дар Конститутсияи кишвар муқаррар гардида, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» гуфта мешавад, ки маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқу озодиҳои пурраи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва инфиродӣ мебошанд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд. Яъне, табъиз нисбат ба маъюбон бо қонун манъ карда шуда, ҷавобгарӣ дорад.

Саида Иноятова чорабиниҳоеро, ки ба баланд бардоштани худбаҳодиҳии мусбат, эътимод ва фаъолияти духтарону занони дорои маъюбият равона шудаанд, муҳим арёбӣ намуд.

Ӯ ҳамзамон чунин мешуморад, ки имзову тасвиби ҳарчи зудтари Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон зарур аст.

Муколама аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва бунёди ҳолландии “Perspectivity Challenge” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бунёди Канада оид ба ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI), дар доираи лоиҳаҳои дахлдори ҳуқуқи инсон гузаронида шуд: https://notorturetj.org/news/dialog-gosudarstva-i-grazhdanskogo-obshchestva-po-pravam-cheloveka-v-tadzhikistane

NotortureTj