Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки беш аз ҳазор нафар дар кофтуков қарор доранд, ки онҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ҷустуҷӯ мешаванд.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳозир беш аз 1000 нафар шаҳрвандони кишвар дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Аммо ҷаноби Салимзода аз фарди муайяне ном набурд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Шарофиддин Гадоев, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро ҳамчун муассис ва мудири кулли ширкати саёҳии «Голд Тур Транс» муаррифӣ кардааст, дар саҳифаи интернетии худ хабар дода буд, ки ӯро кормандони "Интерпол" бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Испания боздошт кардаанд. Ба навиштаи ӯ, феълан як додгоҳи маҳаллӣ дар шаҳри Мадрид парвандаи ӯро мавриди баррасӣ қарор додаст.
Додситонии кулли Тоҷикистон аз изҳори назар дар иртибот ба қазияиШарофиддин Гадоев, ки иддао дорад бо дархости мақоми тоҷик аз сӯи «Интерпол» дар Испания боздошт шудааст, худдорӣ кард. Вале гуфт, ҳар вақте ки Шарофиддин Гадоев ба кишвар оварда шуд, баъдан дар бораи вай изҳори назар хоҳад кард.
Ба навиштаи Гадоев, ӯро бо вуҷуди доштани ҳуҷҷатҳо дар хусуси паноҳгоҳи сиёсӣ, кормандони пулиси Мадрид рӯзи 2-уми феврали соли равон боздошт кардаанд. Собиқ муассис ва мудири кулли ширкати саёҳии «Голд Тур Транс»-и Тоҷикистон мегӯяд, ки вай бо ҷурми напардохтани боҷи гумрукӣ ҳангоми интиқоли 30 мошини хориҷӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби "Интерпол" айбдор дониста шудааст. Аммо ҷаноби Гадоев зикр мекунад, ки ҳангоми ворид кардани ин 30 мошин, боҷи гумрукиро дар доираи қонунҳои ҷории Тоҷикистон пардохт кардааст ва ин амалро як корманди ширкати «Голд Тур Транс» анҷом додааст.
Аз ҷумлаи ашхосе, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ҷустӯҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, аз Умаралӣ Қувватов, Абдулмалик Абдуллоҷонов, Хӯҷа Каримов ва дигарон ном бурда мешавад.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон аз фавти Умедҷон Тоҷиев дар муассисаи тафтишотӣ изҳори таассуф кард. Шерхон Салимзода дар ин робита гуфт, ки "қазияи Умедҷон Тоҷиев ва ҳамчунин дигар қазияҳо, аз ҷумла Ҳамза Икромзода, Маҳмудҷон Шодиев ҳаматарафа пайгирӣ карда шуд ва омилон муҷозот шуданд. Вай дар иртибот ба қазияи Умедҷон Тоҷиев гуфт, ки "Тоҷиев ҳангоми фирор аз ошёнаи дуюм пояш шикаста ва ба бемористон интиқол дода шуд. "
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки нисбати кормандоне, ки дар фирори Умедҷон хунукназарӣ карданд, парванда боз шуда ва тафтишот идома дорад. Ба гуфтаи додситонии кулл, тафтишот мушаххас кард, ки Умедҷон Тоҷиев дар пайи бемории дил даргузаштааст, аммо онҳо ин қазияро ҳамаҷониба таҳқиқ мекунанд.
Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, дар муҳокимаи Зайд Саидов, ягон шабакаи телевизионӣ ширкат надошт, балки наворҳо аз ҷониби мақомот бардошта шуд ва ба хотири ҷомеаро аз натиҷаи ин мурофиа огоҳ кардан, дар телевизион намоиш дода шуд. Чун ба таъкиди ҷаноби Салимзода, ҷомеа қазияи Зайд Саидовро пайгирӣ мекард.
Аммо ҷаноби Салимзода гуфт, ки "агар шахс ҷиноят содир накарда бошад, додгоҳ ӯро маҳкум намекунад." Зеро таҳлилҳо низ нишон медиҳад, кам мешавад, ки ҳалномаҳо бекор шаванд ва фарди муҷрим сафед гардад.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли ахир 610 нафар корманди мақомоти давлатӣ барои саҳлангорӣ ва хунукназарӣ дар баррасии муроҷиати шаҳрвандон, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Шерхон Салимзодаи Одина, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 7-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли гузашта 15 ҳазору 700 нафар сокинону шаҳрвандон тавассути мақомоти додситонӣ кабул шудааст ва беш аз 12 ҳазор муроҷиат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ҷаноби Салимзода гуфт, ки ин амр ба хотири ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон буда ва дар натиҷа барои саҳлангорӣ 610 нафар корманди ниҳодҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ва идорӣ кашида шудаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи додситонии кулл, нисбати 41 нафар, ки ба муроҷиатҳои шаҳрвандон бетаваҷҷӯҳӣ ва кашолкорӣ карданд, парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда ва афроди муттаҳам муҷозот шудаанд.
Шерхон Салимзода дар иртибот ба мавориди шиканҷа гуфт, ки дар соли 2013 шонздаҳ арзу шикоят ворид шуда ва ин нисбат ба соли 2012 камтар аст. Чун дар соли 2012 арзу шикоятҳо дар маврид шиканҷа 22 ададро ташкил медод.
Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, нисбати 4 арзу шикоят дар мавриди шиканҷа парванда боз шуд ва як мавриди он дар нисбати Умедҷон Тоҷиев, сокини шаҳри Исфара аст.
Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар соли гузашта 5 парвандаи хусусияти террористӣ боз шуда ва омилони он муҷозот гардиданд. Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Салимзода, дар ин давра 68 парванда дар робита ба узвият дар созмонҳои мамнуъ нисбати 146 нафар боз шудааст.
Иттилое дар мавриди гӯш кардани сӯҳбатҳо нест
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди "гӯш кардани сӯҳбатҳои мақомот" гуфт, ки "то ҳол иттилоое дар мавриди гӯш кардани сӯҳбатҳои раҳбарияти кишвар ва сохторҳои қудратӣ дар даст надорем."
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо додситонии кулли Қирғизистон як гурӯҳи фаврии тафтишотӣ ташкил шудааст ва қазияи муноқишаи марзӣ дар сарҳади ҳар ду кишвар мӯшикофона таҳқиқ мешавад.
Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, бо додситони кулли Қирғизистон низ чанд бор дар мавриди фаъолияти ин гурӯҳи корӣ мулоқотҳо анҷом додааст. Аммо вай гуфт, ки "ҳоло дар мавриди тирпаронӣ дар куҷо сурат гирифтааст, чизе намегӯем ва пешқазоватӣ нахоҳем кард."
Зеро ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, "бо ҳамтоёни қирғизиамон тавофуқ кардем, ки пешакӣ изҳори назар намешавад ва танҳо аз натиҷаи он мешавад чизе гуфт."
Додситони кулли Тоҷикистон дар мавриди марги Умед Тоҷиев дар боздошгоҳе дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ибрози таассуф кард.
Аммо Шерхон Салимзода дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод, ки рӯзи ҷумъаи 7 феврал доир шуд, гуфт, ки маъмурони додситонӣ машғули таҳқиқи авомили марги Умед Тоҷиев дар боздоштгоҳ ҳастанд.
Оқои Салимзода афзуд: "Ман ҳам хеле таассуф мехӯрам, ки ин нафар дар муассисаи тафтишотӣ (боздоштгоҳ) фавт кард. Ва умуман фавти ҳар як инсон боъиси таъассуфи ҳар яки мост ва бахусус агар фавти инсон дар муассисоти вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ (ниҳодҳои интизомӣ) ва муассисоти тафтишотӣ рух диҳад."
Бо ин ҳол, ба гуфтаи Додситони кулли Тоҷикистон, таҳқиқи пизишки қонунӣ мушаххас карда, ки Умед Тоҷиев бар асари бемории қалбӣ ва фишори хун ҷони худро аз даст додааст.
Вай афзуд: "Аммо ҳаёт ҳаёт аст, хоҳем-нахоҳем як кас бемор мешавад ва бо сабабе фавт мекунад. Мо аз ин роҳи гурез надорем. Аммо воқеъае, ки бо Умед Тоҷиев шудааст, масъулияти моро бештар мекунад."
Додситони кулли Тоҷикистон ба ме суол ки чаро ин ниҳод бо вуҷуди шикояти вукалои мудофеъи оқои Тоҷиев ва масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) аз вазъи бади вай дар боздоштгоҳ ба ин шикоятҳо расидагӣ накарданд, посухи мушаххасе надод.
Аммо ӯ гуфт, ки дар мавриди ин қазия ба иттиҳоми "бедиққатӣ" (бетаваҷҷуҳӣ) парванда боз шудааст, чиро ки кормандони интизомӣ барои ҷилавгирӣ аз "фирори Тоҷиев" аз сохтмони пулис тадобири кофӣ наяндешида буданд. Вай афзуд, ки шароити марги ӯ дар боздоштгоҳ низ таҳқиқ мешавад.
Дар моҳи ноябри соли 2013 вакили мудофеъи Умед Тоҷиев, узви фаъъоли ҲНИТ ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб, ба Додситонии кулли Тоҷикистон аз муносибати номатлуби маъмурони пулиси ноҳияи Исфара шикоят бурда буданд, аммо ин ниҳод ба шикояти оқои Кабирӣ посухи рад дода буд.
Ҳамчунин, дар моҳи ноябр Авфи Байналмилал, яке аз созмонҳои муътабари мудофеъи ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ бо пахши як баёния аз вазъи нигаҳдории Умед Тоҷиев дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, ибрози нигаронӣ карда буд.
Бо ин вуҷуд, дар моҳи январи соли 2014 Умед Тоҷиеви 34-сола, сокини рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, дар бемористони вобаста ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд даргузашт.
Вай 30 октябр ба занни тахаллуфи идорӣ, яъне "итоъат накардан ба амри корманди пулис" боздошт шуда ва додгоҳи шаҳри Исфара барои 10 рӯз дастури ҳабси ӯро содир карда буд.
Баъд аз чаҳор рӯзи боздошти ӯ пулис хабар дод, ки оқои Тоҷиев ба қасди фирор аз идораи пулис худро аз табақаи сеюми бино ба пойин андохта ва шадидан захмӣ шудааст.
Вале вакили мудофеъ ва пайвандонаш гуфта буданд, ки Умед Тоҷиев мавриди лату кӯб ва шиканҷаи маъмурони пулис қарор гирифта ва водор ба ин кор шудааст.
Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз мақомоти пулиси Тоҷикистон барои шиканҷаи эҳтимолии ӯ, надодани иҷозаи боздид ба пайвандон ва вакили мудофеъаш, шароити бади нигаҳдории ӯ дар боздоштгоҳ ва фароҳам накардани хадамоти пизишкии муносиб башиддат интиқод кардаанд.
Тайи солҳои ахир шиканҷаи боздоштиён дар Тоҷикистон ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъаи ин кишвар табдил шудааст. Қазияи Тоҷиев танҳо мавриди кушта шудани як мазнун дар идораи пулис ё боздоштгоҳ дар Тоҷикистон нест. Авохири соли 2012 хабари кушта шудани Ҳамза Икромзода дар асари шиканҷа дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе низ ба вокунишҳои тунди байналмилалӣ доман зада буд.