Се дидгоҳ оид ба COVID-19 ва таъсири он ба ҳуқуқҳои инсон

Дар давраи хурӯҷи бемории нави коронавирус - COVID-19 мутахассисони зиёд ба ин вабо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳадди ақал кӯшиш карданд, то бо андеша, тавсияву пешниҳодоти худ баҳри пешгирии он саҳм гузоранд.

Намояндаи ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» Парвина Наврӯзова, ки солҳо боз дар кишвар стандартҳои Протоколи Истамбулиро пеш мебарад, дар мусоҳибаи муфассале таҳти унвони «Парвина Наврӯзова: қисми зиёди тавсияҳои мо ба лоиҳаи Нақшаи амал оид ба амалисозии ислоҳоти маҳбасҳо ворид карда шуд» (https://notorturetj.org/tj/news/parvina-navruzova-kismi-ziyodi-tavsiyakhoi-mo-ba-loikhai-nakshai-amal-oid-ba-amalisozii) аз ҷумла зикр намудааст, ки «мониторинги фаъолияти муассисаҳои тиббии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мутобиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар давраи пандемия тавассути мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ амалӣ гардид. Аммо дар робита ба пешгирии сирояти коронавирус муҳайё сохтани вохӯриҳои кӯтоҳмуддату дарозмуҳлат барои хешовандони маҳбусон муваққатан манъ карда шуд. Ба замми ин, мо худ аз сабаби хатари сироятёбӣ барои гузаронидани мониторингҳо омода набудем. Аз ҳамин хотир, мо қисми бештари кори худ, аз ҷумла чорабиниҳои марбут ба боло бурдани иттилоотнокии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва стандартҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар давраи пандемия дар ҷойҳои маҳрумият аз озодиро ба таври онлайнӣ гузаронидем. Аз ҷумла, ба раёсати тиббии СРИҶҶ ВА ҶТ маводи иттилоотии Пешниҳодҳои Зеркумита оид ба пешгирии шиканҷа ба давлатҳои иштирокчӣ ва механизмҳои миллии пешгирикунанда дар робита ба пандемияи коронавирус (25-уми марти моли 2020 қабул шудааст) дастрас карда шуд. Инчунин, ташкилот дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар қисми ислоҳоти тандурустӣ ва озодӣ аз шиканҷа фаъолона ислоҳот гузаронид».

- Дар робита ба пандемияи сирояти коронавирус гузаронидани чорабиниҳои гуногун ба таври муқаррарӣ хавф дошт. Аз ҳамин хотир, дар соли 2020 замимаи мобилӣ ва Бот дар Телеграм таҳти унвони «Ман ва ҳуқуқҳои ман» таҳия карда шуд. Замимаи мобилӣ тавсияҳо барои қурбониёни зӯроварӣ (қурбониёни шиканҷа ва хушунати хонаводагӣ, шахсони гирифтори ВИЧ, хизматчиёни ҳарбӣ), адвокатҳо, равоншиносону табибон, аз ҷумла шарҳи ҳуқуқҳои онҳо ва кафолатҳо, механизмҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, баҳогузории оқибатҳои ҷисмониву равонии зӯроварӣ, пардохти ҷубронпулӣ, воситаҳои тамос бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ғайридавлатие, ки бевосита ба масоили тафтиши чунин парвандаҳо машғуланд ва расонидани дастгирии ройгони ҳуқуқӣ, тиббиву равониро дар бар мегирад. Замимаи мобилӣ ва Бот дар Телеграм аз ҷониби коршиносони «Маркази ҳуқуқи инсон» дар якҷоягӣ бо аъзову шарикони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ таҳия гардида буд. Ба замми ин, бо мақсади паҳн намудани замимаи мобилӣ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар доираи чорабинии байналмилалии «16 рӯзи фаъолият муқобили зӯроварии гендерӣ» маъракаи иттилоотии «Ман ва ҳуқуқҳои ман»-ро роҳандозӣ намуд,- афзудааст ӯ.

Зимнан, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» Гулчеҳра Раҳмонова дар мусоҳибае таҳти унвони «Гулчеҳра Раҳмонова: дар давраи пандемия хабарҳо оид ба зӯроварии шаҳвонӣ нисбати кӯдакон зиёд шуданд» (https://notorturetj.org/tj/news/gulchekhra-rakhmonova-dar-davrai-pandemiya-habarkho-oid-ba-zurovarii-shakhvoni-nisbati-kudakon) аз ҷумла изҳор доштааст, ки «дар оғози эпидемия, вақте Тоҷикистон ҳанӯз тасдиқ накарда буд, ки дар кишвар далелҳои гирифтор шудан ба беморӣ вуҷуд доранд, ташкилот корро ба таври муқаррарӣ идома дод. Танҳо моҳи май мо ҳама ба муддати як моҳ ба кори фосилавӣ гузаштем. Дар давраи пандемия хабарҳо дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба зӯроварии шаҳвонӣ нисбати кӯдакон зиёд шуданд. Танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ташкилоти мо 9 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки ба зӯроварии шаҳвонӣ кӯдакони аз 4 то 12-сола дучор гардидаанд… Дар ин давра мо ба муассисаҳои пенитенсиарӣ, ки кӯдакон нигоҳдорӣ мешаванд, дастрасӣ надоштем. Инчунин, дастрасии волидон низ муваққатан маҳдуд буд, аммо кӯдакон имкон доштанд, ки фиристодаҳоро бигиранд ва бо волидону хешовандонашон телефонӣ суҳбат кунанд. Ҳоло мо боз корро дар муассиса идома додему равоншинос ва корманди иҷтимоӣ кор бо кӯдаконро ба таври муқаррарӣ давом медиҳанд. Дар колонияи таълимии кӯдакон, ки писарбачаҳо адои ҷазо мекунанд, расман ягон ҳолати бақайдгирифташуда оид ба гирифторӣ ба коронавирус мавҷуд нест».

Дар посух ба ин суол, ки «барои тақвият бахшидани ҳимояи ҳуқуқи ноболиғон дар давраи пандемияи COVID-19 дар ҷойҳои маҳрумият ва маҳдудият аз озодӣ кадом чораҳои муҳими иловагиро андешидан мумкин аст?», номбурда гуфтааст, ки «дар ин самт мо якчанд пешниҳод дорем. Дар мавриди пешгириву огоҳсозӣ аз ин бемории сироятӣ, таъмини муассисаҳои пенитенсиарӣ, ки онҷо кӯдакон метавонанд нигоҳдорӣ шаванд, бо воситаҳои ҳимоявӣ, гигиенӣ ва тиббӣ бештар кор кардан зарур аст. Инчунин, гузаронидани ташхиси системавии тиббӣ ва ҳолати кӯдакон хеле муҳим аст. Бояд маълумотнокии кӯдакон ва кормандони муассиса оид ба коронавирус тариқи чорабиниҳои омӯзишӣ боло бурда шавад. Ҳамзамон, чунин мешуморем, ки дастгирии равонӣ ҳам ба кӯдакон ва ҳам барои кормандони муассиса бояд таъмин гардад. Шояд ба ин кумак баъзе волидони кӯдакон (ташкилоти мо дорои равоншинос аст, аммо ӯ ба кормандони муассиса кумак мерасонад) ҳам ниёз дошта бошанд. Ва ниҳоят, коркарди механизми вокуниш ва интиқол дар ҳолати маълум шудани гирифторӣ ё гумонбарии гирифторӣ ба беморӣ зарур аст».

Инчунин, дар суҳбате бо номи «ГКҲ: дар давраи авҷи пандемия дастрасии адвокатҳо ба ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ маҳдуд шуда буд» (https://notorturetj.org/tj/news/gkkh-dar-davrai-avchi-pandemiya-dastrasii-advokatkho-ba-choykhoi-makhrumiyat-az-ozodi-makhdud) роҳбари Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова аз ҷумла зикр намудааст: «Дар марҳилаи аввали пандемия кормандони ГКҲ-ро зарур омад, ки ба кори фосилавӣ гузаранд ва баъдан рӯйхати навбатдорӣ барқарор карда шуду мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузорӣ корашонро тибқи нақша идома доданд. Кор ба таври онлайнӣ пеш бурда шуд, қурбониён ва намояндагонашон тариқи телефон машварат гирифтанд, дар ҳолатҳои зарурӣ қабули шаҳрвандон бо риояи чораҳои бехатарӣ сурат гирифт. Сарфи назар аз он, ки дар кишвар дар шакли канорагирии шаҳрвандон карантин эълон нашуда буд, аз моҳи апрел то имрӯз шумораи муроҷиати шаҳрвандон коҳиш ёфт. Зеро, шаҳрвандон чораҳои бехатариро риоя карданд, аз ҷумла ҳузурашонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ маҳдуд намуданд».

- Дар робита ба вазъи эпидемиологӣ баррасии парвандаҳои гражданӣ дар судҳо то муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд, ба ғайр аз парвандаҳои ҷиноятие, ки тибқи онҳо нисбати судшавандаҳо чораи пешгирӣ дар шакли нигоҳдорӣ дар ҳабс қабул гардида буд, ки ба муҳлати баррасии даъвоҳо вобаста ба ҷуброн дар судҳо таъсири зиёд расонид. Мутахассисони ГКҲ бо мушкилоте аз қабили даст кашидани қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо аз шикояти навбатӣ нисбати амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯ ба рӯ гаштанд. Дар натиҷаи чунин радсозӣ кори иҷрокардаи мутахассис то охир бурда намешавад, ки метавонад дар умум ба самаранокии нишондодҳо дар фаъолияти ГКҲ таъсири манфӣ расонад. Дар давраи авҷи пандемия дастрасии адвокатҳо ба зерҳимояҳояшон маҳдуд шуда буд. Асосан маъмурияти СИЗО иҷозатномаи ҳатмии хаттии муфаттиш ё судро талаб мекунад. Аммо бо сабаби вазъи эпидемиологӣ дар кишвар, ҳатто дар сурати мавҷудияти иҷозатномаи хаттӣ СРИҶҶ-и Вазорати адлия мулоқоти адвокатҳоро бо зерҳимояҳояшон манъ кард. Дархости адвокатҳо дар бораи дастрас кардани сабтҳо аз видеокамераҳои назоратӣ, маълумотҳо аз корти тиббии айбдоршаванда ва иттилоъ оид ба қайдҳо дар дафтари боздоштшудагон дар рафти баррасиҳои судӣ нодида гирифта мешаванд ва қисман баъд аз он, ки қонеъ гардиданашон рад карда мешавад, «кушода» мемонанд. Аз моҳи июл вазъият каме тағйир ёфт. Адвокатҳо акнун ба зерҳимояҳояшон дастрасӣ пайдо карданд, аммо чорабиниҳои тафтишотӣ дар шакли маҳдуд мегузаранд,- афзудааст Г. Холматова.

NoTorture.Tj