Шикояти вукалои мудофеъ аз вазъи бади як зиндонӣ 'дар асари шиканҷа'

Шикояти вукалои мудофеъ аз вазъи бади як зиндонӣ 'дар асари шиканҷа'

Вукалои мудофеъи созмони мавсум ба “Сипар” аз вазъи вахими саломати як маҳбус дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тавре ки Бузурмеҳр Ёров, яке аз ҳуқуқдонҳо, рӯзи панҷшанбеи 2 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ба ӯ рӯзе қабл хабар расид, ки Давлатёр Қурбонов, як маҳбуси ин зиндон дар ҳолати вахиме қарор дошта ва ниёзманди вакили мудофеъ барои ҳимоят аз худ аст.

Оқои Ёров мегӯяд, ки ӯ имкони боздиди фаврӣ аз ин муассисаро надорад ва то омода кардани санад ӯ ва ҳамкоронаш тасмим гирифтаанд, ки аз масъулони зидахл дархост кунанд, то ба вазъи ин зиндонӣ расидагӣ кунанд.

Ӯ гуфт: "Мо имрӯз дар ҷаласа тасмим гирифтем, ки номаҳое унвонии Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ва Толиб Азимов, раиси бахши назорат бар иҷрои қонун дар зиндонҳои Додситонии кулли ин кишвар ироа кунем ва аз онҳо дархости базудӣ матраҳ кардани ин масъаларо кардем."

Вай афзуд дар бораи ин ки бо Давлатёр Қурбонов мушаххасаш чи воқеъае рух дода, иттилоъи камтар дорад, вале тавре ки ба онҳо хабар расида, оқои Қурбонов дар зиндони шумораи як аз сӯйи чаҳор корманди ин муассиса шиканҷа шудааст.

Аммо масъулони Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон хабари шиканҷаи ин маҳбус дар зиндони шумораи якро бепоя хонданд. Баҳром Абдулҳақов, муъовини сардори ин ниҳод, имрӯз ин иддаъоро такзиб кард ва вазъи зиндониён дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистонро ризоятбахш хонд.

Бо ин вуҷуд, Маҳмурод Одинаев, раҳбари созмони ғайридавлатии дифоъ аз маҳбусон дар барбари шиканҷа мегӯяд, ки Давлатёр Қурбонов аз сӯйи чаҳор корманди зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе як рӯз дар фазои боз дар сардӣ нигаҳ дошта шуда ва ҳоло вазъи саломаташ вахим арзёбӣ мешавад.

Оқои Одинаев мегӯяд: "Давлатёр яке аз шоҳидони қазияи марги Ҳамза Икромзода буд ва кормандони зиндон ӯро шиканҷа карда ва водор ба даст кашидан аз гувоҳияшро кардаанд. Ба мо хабар доданд, ки вазъи саломати Давлатёр шадидан бад буда ва фавран бояд ба вазъи ӯ расидагӣ шавад."

Оқои Одинаев мегӯяд, ки рӯзи панҷшанбеи 2 январ як корманди дафтари омбудсмен ё кумисери ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо баҳонаи таътил номаи шикоятии онҳоро қабул накардааст.

Вале ӯ афзуд, ки номаи дигареро Толиб Азимов, масъули бахши назорат бар иҷрои қонун дар зиндонҳои Додистонии куллии Тоҷикистон пазируфта ва ваъдаи расидагӣ ба ин қазияро кардааст.

Дар ҳамин ҳол хабарҳо ҳокист, ки як маҳбуси дигар дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон шаби гузашта фавт кардаааст. Аммо ҳувияти ӯ ва далоили маргаш ҳанӯз маълум нест.

Ин нахустин бор нест, ки аз зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе иттилоъ дар бораи шиканҷа шудани зиндониён пахш мешавад. Дар моҳи сентябри соли 2012 Ҳамза Икромзода дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе, ки дар маҳалле наздик ба иқоматгоҳи раиси ҷумҳур воқеъ аст, ба таври мармуз кушта шуд. Пизишки зиндон марги Ҳамза Икромзодаро худкушӣ арзёбӣ кард.

Аммо падару модар ва пайвандони ӯ иддаъо карданд, ки дар бадани фарзандашон нишонаҳое аз шиканҷаро пайдо кардаанд. Онҳо гуфтанд, ки Ҳамза бар асари шиканҷа кушта шудааст. Иддае аз зиндониён бо додани гувоҳӣ ин иддаъоро таъйид карданд.

Дар миёни онҳо Давлатёр Қурбонов, Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев низ буданд, ки оқоён Ризоев ва Тошев баъд ба зиндоне дар Хуҷанд интиқол ёфта ва дар маркази вилояти Суғд алайҳи онҳо муҳокимаи додгоҳӣ ба иттиҳоми омода кардани видиюи тақаллубӣ оғоз шуд.

Ба гуфтаи манобеъи додситонӣ, гурӯҳе аз маҳбусон ба ибтикори Садриддин Тошев ва Суннатуло Ризоев ҳамдигарро задаанд ва барои бадном кардани зиндонбонҳо чунин видиюҳоро таҳия ва бо иддаъоҳои “дурӯғин” дар вебсойтҳо интишор додаанд. Аммо пайвандони ин зиндониён ин иттиҳомотро такзиб карда ва муҳокимаи онҳоро навъе муҷозот аз сӯйи мақомот номидаанд.

Аз сӯйи дигар, додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе дар баҳори соли 2013 Маҳмуд Исмоъилов, як корманди зиндони шумораи якро бар асоси моддаи 316-и қонуни ҷазои Тоҷикистон дар "хориҷ шудан аз ҳадди салоҳият" ва лату кӯби оқои Икромзода муҷрим шинохт ва барои ҳудуди 5,5 сол равонаи зиндон кард.

Дар тобистони соли гузашта ҳамчунин Рустам Тоштемуров, раиси зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе аз симати хеш барканор шуд. Масъулони Идораи умури зиндонҳои Вазорати додгустарии Тоҷикистон гуфтанд, ки барканории вай ва муъовини ӯ дар чорчӯби тағйироти кодрии ин ниҳод сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки оқои Тоштемуров ҳоло раҳбарии зиндони Қурғонтеппаро бар уҳда дорад, ҳарчанд бисёре ӯро ба озору азияти маҳбусон дар зиндони шумораи як муттаҳам кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта мавориди зиёди шикоят аз шиканҷа шудани маҳбусони зиндонҳои дигар, аз ҷумлаи даҳ муассисаи баста дар Тоҷикистон аз сӯйи пайвандонашон низ вуҷуд доштааст.

Би-би-сӣ