Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мухталиф дар самти озодӣ аз шиканҷа фаъолияти худро бо тариқи кори мустақим бо қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва наздикони онҳо, инчунин дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ дар таҳияи барномаҳои миллии муқовимат бо шиканҷа дар Тоҷикистон пеш мебарад,- гуфт ҳуқуқшиноси ТҶ “Ҳуқуқи дастрас” Шоира Давлатова дар ҷараёни Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Ҳуқуқшинос, ки дар мавзӯи “Фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» баромад намуд, самтҳои асосии фаъолияти Эътилофро номбар кард:
- таҳлилӣ - дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ;
- офиятбахшӣ, расонидани ёрии тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ;
- ёрии амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо;
- гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои пӯшида ва нимпўшида;
- мониторинг ва инъикоси масъалаҳои шиканҷа дар ВАО.
Тавре ӯ иттилоъ дод, аз соли 2023 инҷониб бори аввал ба Эътилоф имкон дода шуд, ки дар муассисаҳои пӯшида мониторинги мустақил гузаронад ва инчунин дар таҳияи асноди стратегӣ оид ба ислоҳоти низоми пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузорад.
- Эътилоф баҳри ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ дар гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати такмили қонунгузорӣ ва ислоҳот, гузаронидани чорабиниҳои омӯзишию маърифатӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа фаъолият карда, бо мақомоти судӣ, иттифоқи адвокатҳо, ҳуқуқшиносони алоҳида ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ менамояд. Хусусан, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва тарбияи шаҳрвандон, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 дар ҳамкорӣ бо намояндагони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузаронида шуд,- афзуд ӯ.
Мавсуф зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ниҳодҳои байналмилалӣ, хусусан аз СММ оид ба масъалаҳои мухталифи пешгирӣ ва муқовимат бо шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тавсияҳои зиёд гирифта, аксарияти онҳо пурра ва ё қисман иҷро шудаанд. «Дар самти озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, баҳри ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон пешравиҳо зиёданд. Масалан, қабули Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ё қабули Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Аз ин бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи меъёрҳои Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф қадамҳои муайян гузоштааст»,- афзуд Ш. Давлатова.
Инчунин, номбурда таъкид намуд, ки дар баробари ин, барои такмили қонунгузорӣ ҷиҳати пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, таҳияи механизмҳои муассири ҳуқуқӣ ва институтсионалии тафтиши шикоятҳо оид ба содир намудани ҷинояти “шиканҷа”, ҷуброн ба ҷабрдидагон ва таъмини ҷавобгарии шахсони гунаҳгор чораҳои иловагӣ заруранд. Аз ҷумла:
- тариқи оммавӣ маҳкум намудани ҷинояти “шиканҷа” аз ҷониби шахсони мансабдор ва шахсоне, ки ба онҳо баробар карда шудаанд;
- барои идома додани амалигардонии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 қабул намудани Нақшаи миллии амал оид ба татбиқи тавсияҳои Кумитаи СММ зидди шиканҷа барои солҳои оянда;
- ҳамкории созанда бо механизмҳои дахлдори СММ ва ҳалли шаффофи мушкилоти шиканҷа;
- омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маҳбасҳо барои ҳамкорӣ бо мақомоти СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ.
- Эътилоф барои идома додани ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти озодӣ аз шиканҷа дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор омода аст,- гуфт ӯ дар анҷом.
Муколама аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва бунёди ҳолландии “Perspectivity Challenge” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бунёди Канада оид ба ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI), дар доираи лоиҳаҳои дахлдори ҳуқуқи инсон гузаронида шуд: https://notorturetj.org/news/dialog-gosudarstva-i-grazhdanskogo-obshchestva-po-pravam-cheloveka-v-tadzhikistane