Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
(Иқтибос: б. 21 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038*)
Шумораи бештари тавсияҳо ба ташкили механизмҳои самарабахши пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон равона гардидаанд, ба монанди:
- мониторинги мустақили ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ ва дастрасии ниҳодҳои байналмилалӣ ва миллӣ барои гузаронидани мониторинг;
- низоми мутамаркази ҳисоб ва бақайдгирии дастгиркунӣ;
- механизми мустақил барои қабули шикоятҳо ва тафтиши самараноки шиканҷа;
- механизм ва барномаҳои тавонбахшии қурбониёни шиканҷа.
*Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 (минбаъд – Стратегияи миллӣ) ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳо дар самти ҳуқуқи инсонро муайян карда, масъалаи таҳияи сиёсати пешрафта ва ягонаи байнисоҳавиро пешбинӣ мекунад, ки ба мустаҳкам кардани ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишвар равона гардидааст.
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 августи соли 2023, таҳти № 357 қабул гардидааст.