Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзҳои 10 ва 11-уми октябри соли 2024 ҳуқуқшиносони ТҶ «Ҳуқуқи дастрас», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, барои аҳолии шаҳри Хуҷанд машваратҳои сайёр баргузор намуданд.
Чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, бахусус озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона баргузор гардид.
Дар умум, ёрии ҳуқуқии ройгон ба 9 нафар шаҳрвандон расонида шуд.
Дар рафти машваратҳои ҳуқуқӣ ҳуқуқшиносони ТҶ «Ҳуқуқи дастрас» ба саволҳои шаҳрвандон оид ба ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа, инчунин муносибатҳои ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ, муносибатҳои манзилӣ ва оилавӣ тибқи меъёрҳои Кодекси ҳуқуқи ҷиноятӣ ва Қонунгузории ҳуқуқӣ-гражданӣ, Кодекси манзили ҶТ (2022), Кодекси граждании ҶТ (2023) ва Кодекси оилаи ҶТ (1998) посух доданд. Машваратчиён инчунин ба шахсони дорои маъюбият маслиҳат дода, ҳуқуқҳои онҳоро тибқи Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва Қонуни ҶТ «Дар бораи кумаки иҷтимоӣ ба маъюбон» фаҳмонданд.
Саволҳои шаҳрвандон ба ҳифзи ҳуқуқҳо ҳангоми боздошт ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ дахл доштанд. Аз ҷониби машваратчиён ҳуқуқҳои шахсони боздоштшуда, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагони дар муассисаҳои пӯшида нигоҳдоришаванда ба озодӣ аз шиканҷа шарҳ дода шуданд. Оид ба масоили қоида ва тартиби ҷуброни зарар тибқи меъёрҳои Қонунгузории граждании ҶТ ёрии ҳуқуқӣ расонида шуд.
Ба ғайр аз ин, машваратчиён ба саволҳои шаҳрвандон оид ба қоидаҳои бақайдгирии ҳуқуқи моликият ба биноҳои истиқоматӣ аз рӯи мерос ҷавоб доданд. Машваратчиён тартиби дар идораи нотариалии давлатӣ аз рӯи қонун ва васиятнома ба қайд гирифтани ҳуқуқ ба меросро фаҳмониданд.