Article Pages

Бо гузашти муддати зиёд аз оғози пандемияи коронавирус, ҳанӯз ҳам хавфи COVID-19 дар саросари ҷаҳон вуҷуд дорад ва нигаронии аҳоливу созмонҳои тандурустиро ба бор овардааст. Ҳоло ҳам доираҳои гуногун маҳбусонро бештар осебпазир медонанд. Дар ҳоле, ки ҳанӯз 15-уми марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо нашри як роҳнамои муваққатӣ бо номи “Омодагӣ, пешгирӣ ва назорати COVID-19 дар...

04.04.2022 - 11:24

Дӯстони азиз, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумо дар бораи фаъолияти гурӯҳ оид ба офиятбахшии ќурбониёни шиканља ва аъзои оилањои онњо презентатсия пешкаш мекунад.

04.04.2022 - 10:21

Дӯстони азиз, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумо дар бораи фаъолияти Гурӯҳи Ёрии Ҳуқуқӣ презентатсия пешкаш мекунад.

02.04.2022 - 10:22

25-уми марти соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси минтақавии намояндагони системаи адолати судии ҷиноятӣ таҳти унвони “Истифодаи чораҳои алтернативии маҳрумият аз озодӣ” баргузор гардид. Дар ин бора директори ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” Наргис Зокирова дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода, аз ҷумла навишт, ки “дар конфронс намояндагони...

29.03.2022 - 22:22

Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба инъикоси мунтазами фаъолияти Эътилоф ва талошҳои он дар самти пешгирӣ ва муборизаи муассир бо шиканҷа ва беҷазоӣ, ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти шиканҷа, ҷалби аҳолӣ ба мубориза бар зидди шиканҷа тавассути ВАО, таҳияву паҳн намудани иттилооти босифат оид ба масоили шиканҷа машғул аст. Гуруҳи расонаӣ чунин...

24.03.2022 - 22:06

Айни замон Гуруҳ оид ба офиятбахшии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабиниҳои офиятбахширо баро ду нафар гузаронида истодааст, ки онҳо волидони қурбониёни эҳтимолии муносибати бераҳмона мебошанд. Онҳо аз санҷишу ташхис гузаштаву айни замон табобати амбулаторӣ гирифта истодаанд ва баъдтар, пас аз баҳогузории...

23.03.2022 - 21:30

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳамаи ҳамватанонро ба муносибати иди баҳор - ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният мегӯяд! Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Ба муносибати ҷашни Наврӯзи фархундапай, ки ҳамзамон, соли нави миллиамон мебошад, бароятон саломатӣ, умри дароз...

19.03.2022 - 14:07

Муҳтарам кормандони мақомоти прокуратураи Тоҷикистон! Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо ба муносибати иди касбиятон табрик мегӯяд! Прокуратура - ин такягоҳи боэътимоди давлатдории мост. Салоҳият, одоби амиқ, садоқат ба вазифа сифатҳое ҳастанд, ки бояд хоси кормандони прокуратура бошанд. Бароятон болидахотирӣ, саломатӣ ва бурдборӣ таманно дорем. Бигузор...

14.03.2022 - 09:45

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Институти омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва боло бурдани касбияти кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон тренингҳоро дар мавзуи “Усул ва методикаи санҷиши прокурории риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба огоҳнамоӣ, муайянсозӣ ва тафтиши шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати...

11.03.2022 - 16:39

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзноманигорони кишварро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик - 11-уми март табрик мегӯяд! Дар ҳама давру замон вазъият тақозо мекунад, ки баҳри рушди ҷомеа мардум аз ҳодисаву воқеаҳои муҳиму воқеӣ огоҳӣ дошта бошанд. Дар ин маврид рисолати шумо - рӯзноманигорони гиромӣ, аз ҳама муҳим ва созанда аст. Рисолати шумост, то ин ки бо...

11.03.2022 - 10:37

Страницы