Article Pages

Беш аз 20 нафар шаҳрвандоне, ки имрӯз ба қабули  мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон омада буданд, баъд аз интизории панҷсоата бо Ҷумъахон Давлатов суҳбат кардаанд.  - Имрӯз 12-уми феврал шаҳрвандоне, ки дар назди қасри президенти Тоҷикистон, ба қабули Ҷумъахон Давлатов, Мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба ҳуқуқ ва намояндаи...

12.02.2013 - 16:59

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур собиқ муфаттиши ШКД-и ин ноҳия Абдураҳмонро Додовро барои хунукназарӣ дар марги Баҳромиддин Шодиев, ба 2 соли зиндон маҳкум кард. Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуд, вале баъди чанд рӯзи боздошт ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи Қарияи Боло оварданд ва ӯ пас аз даҳ рӯз...

12.02.2013 - 14:12

Як корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рудакӣ нисбати ҳамкасбони худ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Қудратулло Хамедов, сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби ҳамкасбонаш, кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Сомонии пойтахт мавриди боздошт ва латукӯби шадид қарор гирифтааст. Бузургмеҳр Ёров,...

11.02.2013 - 15:18

Намояндагони шуморе аз созмонҳо ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар бо судури баёнияе аз давлати Укройн ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо хостаанд, ки аз истирдоди Абдумалик Абудуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, ба ин кишвар монеъ шаванд. Дар ин баёния, ки ширкаткунандагони ҳамоиши созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари Осиёи Миёна шоми 7 феврал дар Киев интишор доданд, омадааст, ки...

08.02.2013 - 12:34

Чанд тан аз волидайни зиндониён бо нигаронӣ аз сарнавишти фарзандони худ дар рӯ ба рӯи Қасри президент ҷамъ шуданд. Ин падару модарон аз президент тақозо доранд, то таҳқиқи парвандаи шиканҷаи фарзандони маҳсубашон ба таври мунсифона сурат бигирад. Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзода, ки моҳи сентябри соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтида буд, ба Радиои Озодӣ...

07.02.2013 - 14:27

Сунатулло Ризоев, маҳбуси 26-солаи маҳбасхонаи №2/3-и шаҳри Хуҷанд ва яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси №1-и пойтахт, се рӯз боз дар ШИЗО ё ҳуҷраи ҷаримагоҳ нигоҳдорӣ мешавад. Дар ин бора Маҳмурод Одинаев, падари Сунатулло Ризоев имрӯз, 7-уми феврал ба ТojNews иттилоъ дод. Сунатулло Ризоев яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-солаи деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор...

07.02.2013 - 11:03

Больше всего граждане жалуются на судебные органы. В образовательных учреждениях будут обучать правам человека. Заявления о пытках не находят своего подтверждения… Эти и многие другие вопросы уполномоченный по правам человека взял под контроль. ОБО всем этом уполномоченный по правам человека Зариф Ализода сообщил на пресс-конференции в конце прошлой недели. Так, по словам З. Ализода, к ним...

04.02.2013 - 15:43

Як маҳбуси ҷавон дар зиндони шумораи аввали пойтахт худро ба дор овехта, ҷон додааст. Аъзамшо Солеҳов, аз наздикони Маҳмадшариф Насриддинови 21-сола, рӯзи 4-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки Маҳмадшариф шаби шанбе пас аз он, ки кормандони маҳбас Давлатов Мамад ва Шерафкан аз ӯ телефони ҳамроҳ пайдо намуданд, мавриди латукӯби шадид қарор мегирад. Ба гуфтаи Аъзамшо Солеҳов, Маҳмадшариф...

04.02.2013 - 12:07

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, ки далели шиканҷаю озори ноболиғонро дар муаассисаҳои ислоҳии кишвар пайдо накардааст. Моҳе қабл як гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Омбудсмен шикоят бурданд, ки бо фарзандони ноболиғашон дар муассисаҳои ислоҳӣ бадрафторӣ сурат мегирад. Дарҳол пас аз ин шикоят масъулони бахши ҳуқуқи кӯдак дар дафтари Омбудсмен аз муассисаи ислоҳии...

31.01.2013 - 12:40

Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мавориди латукӯби зиндониён дар маҳбаси шаҳри Хуҷандро рад мекунад. Ҳусниддин Нидоев, намояндаи Омбудсмени Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ гуфт, ки дар моҳи ноябри соли гузашта як гурӯҳ аз ин ниҳод барои ошноӣ бо вазъи маҳбусон, аз зиндонҳои Хуҷанд дидан кард.  Вай гуфт, ин гурӯҳ пас аз арзу шикояти маҳбусҳо дар мавриди латукӯб ва мавориди...

30.01.2013 - 14:34

Страницы