Article Pages

Маҳбусе, ки ҳамчун шоҳиди марги Ҳамза Икромзода муаррифӣ мешавад, мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Рафаэл Мақсудов, яке аз маҳбусҳои зиндони рақами аввали Душанбе мегӯяд, ки ҳамчун шоҳиди латукӯб ва марги Ҳамза Икромзода мавриди бозпурсии муфаттишон қарор гирифтааст. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 18-уми октябр, дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан таҳти ҳимояти мақомоти...

18.10.2012 - 19:44

Ду нафар собиқ кормандони милиса, ки дар ҳодисаи марги сокини пойтахт Сафаралӣ Сангов айбдор дониста мешуданд, мавриди афв қарор гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, нисбат ба ду тан аз собиқ кормандони фаврии ваколатдори шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии ШВКД Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе...

18.10.2012 - 18:48

Суди шаҳри Ваҳдат ду корманди маҳбасхонаи рақами №3, маъруф ба «Кирпичний»-ро барои хунукназарӣ ва нарасонидани кӯмаки тиббӣ ба маҳбусе, ки даст ба худкушӣ задааст, маҳкум кард. Дар ин бора як манбаи ТоjNews аз Cуди шаҳри Ваҳдат иттилоъ дод. Бинобар иттилои манбаъ, Давлат Бобоев, раиси собиқи маҳбаси мазкур, барои хунукназарӣ нисбати марги маҳбус Аҷик Қаюмов ба маблағи 26 ҳазор сомонӣ...

18.10.2012 - 14:30

Ахири ҳафтаи сипаришуда прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода наздикони маҳбус Ҳамза Икромзодаи дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/1 фавтидаро ба ҳузур пазируфта, ба прокурор Мирзо Аминов супориш дод, ки аз модари ӯ дар хусуси тамаъҷӯӣ аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ, ки минбаъд ба кирдори бераҳмона нисбати маҳбус боис гардид, баёнот гирад. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» холаи...

15.10.2012 - 09:36

Мулоқоти дуввуми наздикони Ҳамза Икромзода, маҳбусе, ки бар асари шиканҷа дар ин зиндон рӯзи 20 сентябри соли ҷорӣ ба ҳалокат расид, бо даъвати Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 13 октябр сурат гирифтааст.  Дилхоҳ Икромзода, хоҳари Ҳамза ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки дар ин сӯҳбат ҷаноби Салимзода бори дигар ба онҳо арзи тасаллият карда ва итминон додааст, ки ҳодисаи куштори фарзанди онҳо...

13.10.2012 - 17:07

Манижа Шаҳбозбекова, ҳамсари раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев, ки айни замон дар тавқифгоҳи тафтишотии КДАМ дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, ба вохӯрӣ бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муваффақ шуданист. Дар нусхаи муроҷиати Шаҳбозбекова, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» расид, ӯ доир ба чӣ гуна бедарак шудани шавҳараш зимни марҳилаи фаъоли амалиёти низомӣ дар Хоруғ санаи 24-уми...

12.10.2012 - 13:58

Сокинони маҳаллаи УПД-и Хоруғ дар мулоқот бо раиси КДАМ, Раёсати амнияти Бадахшонро дар нооором кардани вазъи шаҳр муттаҳам карданд. Ба гуфтаи сокинон, дар ҳоле, ки дигар мақомоти қудратӣ гуфтанд барои ҳаводиси Хоруғ касе таъқиб намешавад, вале Раёсати амният даъватномаҳои ҳарчи бештар барои бозпурсии ҷавонони ин маҳаллаи шаҳр равон мекунад. Ба гуфтаи сокинон, ахиран даъватномаи бозпурсӣ ба...

10.10.2012 - 14:57

Мушовири президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Умед Бобоев имрӯз волидайни Ҳамза Икромзодаро, ки дар зиндон ба ҳалокат расид, ба ҳузур пазируфта, назорати ҷараёни таҳқиқи сабабҳои марги ӯро ваъда кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» хоҳари фавтида Дилхоҳ Икромзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, санаи 25-уми сентябр падараш Файзалӣ Икромов ба унвони президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон мактуб навишта,...

09.10.2012 - 15:26

Созмони Amnesty International ё Афви байналмилал бо интишори як баёния дар рӯзи 5-уми октябр, рӯзи таваллуди раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ хостааст, ки ба шикоят ва сарнавишти қурбониёни шиканҷа дар кишвараш расидагӣ кунад. Дар баёнияи ин созмон гуфта мешавад, ки президенти Тоҷикистон дар ин рӯз 60-солагии худ ва Рӯзи забони давлатиро ҷашн мегирад. Ин ҷашни...

06.10.2012 - 12:40

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон Шуморо ба муносибати ҷашни 60-солагиатон самимона таҳният гуфта, таваҷҷӯҳи Шуморо ба он ҷалб месозад, ки сарфи назар аз ташаббусҳои мусбати давлат дар самти мубориза бо шиканҷа, тамоюли истифодаи шиканҷа дар низоми тафтишоти ҷиноятҳо ва муассисаҳои иҷрои ҷазо идома дорад. Танҳо дар зарфи 10 моҳи соли 2012 аз ҷониби Эътилоф 18 ҳолати...

05.10.2012 - 18:01

Страницы