Article Pages

31-уми июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқҳои асосӣ: озодӣ аз боздошти худсарона, механизмҳои ҳимоя дар доираи Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар платформаи Zoom ба таври офлайн ва онлайн сурат гирифт ва дар он зиёда аз 40 нафар намояндагони соҳаи судӣ, адвокатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва...

01.08.2024 - 09:59

Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар сурати бо Қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ...

01.08.2024 - 09:23

Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад. Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф. Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ...

31.07.2024 - 10:03

Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд. Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад. Лоиҳаи қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.      

30.07.2024 - 09:50

Рӯзи 31-уми июл дар Душанбе вохӯрии корӣ дар мавзӯи “Ҳимояи ҳуқуқҳои асосӣ: озодӣ аз боздошти худсарона, механизмҳои ҳимоя дар чаҳорчӯби Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” баргузор мешавад. Ташкилкунандагони вохӯрӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон (КБҶ) дар ҳамкорӣ бо Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон,...

30.07.2024 - 09:41

Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.          

29.07.2024 - 20:52

Масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон рӯзи 29-уми июл дар мулоқоти вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар Душанбе бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии узви Комиссияи доимӣ, муовини раиси Комиссия оид ба корҳои миллӣ ва динии шӯрои сиёсии машваратии Чин, муовини раиси Ҷамъияти Чин оид ба таҳқиқи ҳуқуқи инсон Тзян Тзинго баррасӣ...

29.07.2024 - 09:44

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон: 1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент; 2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ; 3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ; 4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ; 5. Тасдиқ ва бекор...

28.07.2024 - 15:01

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ: 1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо (22 майи соли 2016); 2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент; 3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ; 4. Ризоият...

27.07.2024 - 14:55

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, махсусан қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо ҳадафи асосии фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолати шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаи Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ...

27.07.2024 - 14:39

Страницы