Article Pages

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як корманди милиса ба истифодаи шиканҷа айбдор карда шудааст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Музаффар Юсуфов хабар дод, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба корманди фаврии Шӯъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Сарбанд Нусрат Ёдгоров ба суди шаҳр ирсол шудааст. Ёдгоров ба истифодаи шиканҷа дар нисбати...

11.07.2013 - 14:54

Додгоҳи ноҳияи Ёвон ба баррасии дубораи парвандаи бадрафтории корманди собиқи милисаи ноҳия Машраб Алиев шурӯъ кардааст. Шодмон Алиев , раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон  рӯзи 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт,  парвандаи ҷиноии Машраб Алиев рӯзи душанбе дубора ба дасти онҳо расид ва додгоҳи ноҳия бо амри Додгоҳи олӣ ин қазияро мавриди тафтиш ва муҳокимаи дубора қарор медиҳад. Ба иттилоъи...

09.07.2013 - 18:40

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Зайд Саидов мегӯяд, ки аз ҷониби муфаттишони Оҷонсии зиди фасод латукӯб шудааст. Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов, ки аз Зайд Саидов ҳимояи ҳуқуқӣ мекард, дар таърихи 25-уми июн бар асоси аризаи Зайд Саидов, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ ба сар мебарад, аз вакилии ӯ барканор шуд. Шӯҳрат Қудратов рӯзи 5-уми июл ба радиои Озодӣ хабари дар расонаҳо пахш...

05.07.2013 - 18:11

Дар Машварати муқаддамотии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, ки рӯзҳои 2-3 июл дар Душанбе доир гардид, мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва нерӯҳои мусаллаҳ» низ баррасӣ шуд. Зимнан намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон роҷеъ ба хизмати ҳарбӣ ва мушкилоти ҳалталаби он табодули назар карданд. Дар ин бахши машварати муқаддамотӣ полковник Ҳусния Хушдилова,...

04.07.2013 - 19:50

Агар Хуршед Бобокалонов, яке аз қурбониҳои шиканҷа 27-уми июни соли 2009 кушта намешуд, 25-уми июн 37 солро пур мекард. «Ман ҳеҷ гоҳ худро барои он намебахшам, ки қалби ман мусибати бо фарзандам дар фосилаи панҷ дақиқа роҳ аз хонаи ман рӯйдодаро  ҳис накард. Ман худро барои он маломат мекунам, ки фарзандамро тавре тарбия кардам, ки боғуруру сарбаланд бошад. Ман фарёд кардан мехоҳам, ки ин...

26.06.2013 - 20:27

25-уми июни соли 2013, Душанбе. Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ» бо мусоидати Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Amnesty International иқдомотеро таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!» баргузор мекунад. Дар доираи иқдомот намоишгоҳи аксҳо доир мегардад, ки дар он 9 саргузашти воқеӣ инъикоси худро меёбад...

25.06.2013 - 14:16

Давлатёр Қурбонов, як маҳбуси зиндони рақами аввали Душанбе, ки шоҳиди марги Ҳамза Икромзода дониста мешавад, таҳти фишор ва таҳдид қарор гирифтааст.  Дар ин бора рӯзи 24-уми июн Амиралӣ Икромов, бародари Ҳамза Икромзода, хабар дода гуфт, чанд рӯз пеш маъмурони зиндон аз Давлатёр Қурбонов тақозо кардаанд, ки аз додани шоҳидӣ даст кашад. Амиралӣ Икромов гуфт, “огоҳ...

25.06.2013 - 08:46

Ҳайати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикиcтон ба аризаи шикоятии вакилони дифои Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев посухи радд дод. Файзи Олӣ, вакили дифои Димон Ашӯров рӯзи 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи сешанбе ҳайати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикистон аризаи шикоятии наздикон ва ҳимоятгарони ҳуқуқии онҳоро баррасӣ кард ва онро бидуни тағйир гузошт: «Бо ҳамин ҳукми Додгоҳи олӣ дар...

19.06.2013 - 12:23

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, баррасии шикояти наздикони Маҳмуд Исмоилов, корманди маҳбаси №1-и шаҳри Душанбе, ки дар робита ба қазияи марги маҳбуси ин муассиса Ҳамза Икромзода ба муҳлати 5,5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, мавқуф гузошт. Суд сабаби мавқуф гузоштани баррасии шикояти онҳоро дар хусуси тақаллуб дар тартиби протокол ва таҳрифи нишондоди шоҳидонро бино ба корҳои ҷамбастии шашмоҳа дар...

19.06.2013 - 12:11

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корманди муассисаи ислоҳии Я/С 3/1-и шаҳри Душанбе Маҳмуд Исмоиловро, ки дар парвандаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода гунаҳкор эътироф шуд, ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба ОИ адвокати ҷониби ҷабрдида хабар дод, тамоми далелҳои ба суд пешниҳодгардида мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифта ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шуд. Аммо...

29.05.2013 - 18:49

Страницы