Article Pages

1-2-юми феврали соли ҷорӣ Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавриди натиҷаи фаъолияташ дар соли 2017 ҷамъомад баргузор кард. Роҳбари Эътилоф Нурмаҳмад Халилов зикр намуд, ки дар соли гузашта ба Эътилоф муяссар гардид дар самти муборизаи самаранок муқобили шиканҷа дар кишвар як қатор тағйирот ворид намояд. Аз ҷумла, аз ҷониби ташкилотҳои аъзои Эътилоф 66...

05.02.2018 - 10:35

6-уми феврали соли 2018 соати 10 дар суди вилоятии Хатлон дар шаҳри Қўрғонтеппа аз рўи парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди ШВКД дар ноҳияи Дўстӣ Идиев М., ки бо моддаи 316, қисми 3 (Баромадан аз ҳади ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста мешавад, мурофиаи судӣ баргузор мегардад. 26-уми июли соли гузашта сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритуз Толибҷон Дўстов бо гумони даст доштан дар гардиши...

02.02.2018 - 08:13

Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён мегӯяд, дар соли гузашта танҳо як парванда бо моддаи 143 эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон - “Шиканҷа” дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ гардидааст. Номбурда иброз дошт, ки бо ин модда нисбати сарнозири маҳкамаи муваққатии рақами 19-и ШВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳакимов Одилҷон парванда баррасӣ гардида, ҷазои маҳкум...

01.02.2018 - 20:31

Дар соли 2017 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 муроҷиат оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ворид шудааст, ки 2 адади онҳо тасдиқи худро ёфтаанд. Дар ин бора рўзи 25-уми январи соли ҷорӣ Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод. Номбурда зикр намуд, ки «дар натиҷаи баррасии 20 муроҷиат 2 муроҷиат тасдиқи худро ёфт ва мо...

26.01.2018 - 08:00

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон  баҳри табодули таҷриба дар мавзуи “Ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона тибқи Протоколи Истамбулӣ” аз 23 то 24-уми январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе барои адвокатҳо, табибони клиникаҳои хусусӣ, табибон - руҳшиносони мустақил вохӯрии корӣ баргузор намуд. Дар ин вохӯрӣ коршиносони байналмилалии ташкилоти «...

24.01.2018 - 15:29

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, алайҳи се корманди вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои истифодаи шиканҷа парванда ҷиноятӣ боз шудааст. Ӯ рӯзи 22-юми январ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе дар ин бора хабар дод ва гуфт, онҳо ҳамчунин 8 шикоят дар бораи бадрафториву азият дарёфт кардаанд. Ализода гуфт: “Як чизро қайд карданӣ ҳастам. На ҳамаи латту куб ва муносибати...

23.01.2018 - 11:12

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ лоиҳаи «Коркарди муқаррароти дохилии хадамоти руҳӣ ва боло бурдани иқтидори кормандони мақомоти прокуратура оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ»-ро амалӣ менамояд. Мувофиқи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, на танҳо...

11.01.2018 - 14:49

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ёддоштномае фарогири маълумоти муфассал оид ба асосҳои таъини санҷиши прокурорӣ аз рӯи аризаҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона таҳия кард:

05.01.2018 - 11:01

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон вобаста ба ҳолати дастгир шудани Хайрулло Мирсаидов – рўзноманигори (журналисти) мустақил ва роҳбари гурўҳи дастаи МЗҲ-и (Маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон (КВН) тоҷик ибрози нигаронӣ менамояд 5 декабри соли 2017 Хайрулло Мирсаидов ба прокуратураи вилояти Суғд барои суҳбат кардан, даъват карда шуд ва худи ҳамон рўз ўро дастгир карданд. 8...

21.12.2017 - 15:50

Бояд гуфт, ки 22-юми ноябри соли 2016 ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар бораи ҷуброни зарари моддӣ дар ҳаҷми 36 ҳазор сомонӣ ва зарари маънавӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ содир шуда буд. Тавре ба мо адвокати сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев - Гулчеҳра Холматова иттилоъ дод, «баъди муроҷиатҳои чандинкарата, имрӯз, 18-уми декабри соли 2017 аз раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, то мо...

18.12.2017 - 11:51

Страницы