Article Pages

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Чӣ гуна бояд дуруст рафтор кард, агар шуморо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт намоянд? ПОСУХ: Вақте шумо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт мешавед, муҳим аст, ки ҳуқуқҳои худро донед ва оромонаву боэҳтиром рафтор...

13.05.2025 - 19:53

Аз моҳи ноябри соли 2024 то моҳи феврали соли 2025 дар муассисаҳои ислоҳотии ЯС ИУ 3/4 дар шаҳри Душанбе, ЯС ИУ 3/2 дар шаҳри Ваҳдат ва ЯС ИУ 3/8 дар шаҳри Норак дар доираи барномаи мукаммал барои занон ва мардоне, ки барои ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ маҳкум шудаанд, сеансҳои офиятбахшии равонӣ ва динӣ гузаронида шуданд. Ин чорабиниҳо аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар якҷоягӣ бо...

13.05.2025 - 14:42

Моҳи марти соли 2025 аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба кӯдакон, занон ва мардон дар муассисаҳои ислоҳотӣ 20 адад аптечкаҳои тиббӣ муҳайё карда шуд. Аптечкаҳо ба Раёсати тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд, аз ҷумла 19 адад бевосита ба муассисаҳои ислоҳотии ҷумҳурӣ ва 1 адад ба Раёсати тиббӣ...

12.05.2025 - 14:41

8-уми майи соли 2025 дар меҳмонхонаи «Атлас» чорабинии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бахшида ба баррасии Гузориши алтернативӣ ба Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ баргузор гардид. Гузориши алтернативӣ, ки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шудааст, натиҷаи кори чандинмоҳаи таҳлилӣ ва фаъолияти ҳуқуқҳимоякунӣ аст, ки дар он коршиносон, ҳуқуқшиносон, ҳимоятгарони ҳуқуқ, инчунин намояндагони ташкилотҳои...

12.05.2025 - 11:25

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо бо Рӯзи Ғалаба - 9-уми май табрик мегӯяд! Бигузор далерӣ ва қаҳрамонии марбут ба ин ҷашни бошукӯҳ аз хотири касе наравад. Бигузор рӯҳи ғалаба ба дилҳо илҳом бубахшад, ба сӯи корномаҳо ва муваффақияту дастовардҳои нав ҳидоят намояд. Бигузор фазои сулҳу осоишта ва осмони соф болои сари ҳамаи аҳли сайёра ҳукмрон бошад...

08.05.2025 - 15:29

Рӯзҳои 7 ва 8-уми апрел дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва равоншиносони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кормандони иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ баргузор гардид. Мақсади тренинг баланд бардоштани сатҳи огоҳии мутахассисон дар бораи ниёзҳои хоси занон ва кӯдаконе мебошад, ки пас аз озодшавӣ аз маҳбас бо мушкили...

08.05.2025 - 10:41

Овезаҳои иттилоотӣ дар доираи Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон (SDC) ва Фонди демократияи СММ (ЮНДЕФ ) таҳия шудаанд. Матолиби мазкур бо ду забон - русӣ ва тоҷикӣ дастрасанд.

08.05.2025 - 10:33

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Киҳо метавонанд тибқи қонун намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ эътироф шаванд? ПОСУХ: Намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ хешовандони наздик ё дигар шахсоне эътироф карда...

06.05.2025 - 19:46

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Ба ғайр аз судя кӣ ҳуқуқи пурсиш кардани шоҳидро дар суд дорад? ПОСУХ: Шоҳидро айбдоркунанда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, судшаванда ва ҳимоятгари ӯ пурсиш мекунанд. Саволро аввал тарафе медиҳад...

29.04.2025 - 19:43

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Дар кадом ҳолатҳо судя ҳуқуқ дорад пешбурди парвандаи ҷиноятиро боздорад? ПОСУХ: Мувофиқи моддаи 265-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд, судя пешбурди парвандаи ҷиноятиро дар ҳолатҳои зайл бозмедорад: - ҳангоме ки...

24.04.2025 - 19:38

Страницы