Тақозои 10 милюн сомонӣ ғаромат барои марги Ҳамза Икромзода дар зиндон

Тақозои 10 милюн сомонӣ ғаромат барои марги Ҳамза Икромзода дар зиндон

Дар додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи марги мармузи Ҳамза Икромзода оғоз шуд.

Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, вакили волидайни Ҳамза Икромзода, онҳо аз Вазорати додгустарии Тоҷикистон пардохти 10 милюн сомонӣ ғаромат барои марги ӯро тақозо доранд.

Оқои Икромзода соли 2010 ба иттиҳоми доштани силоҳи ғайримуҷоз, тамаъҷӯйӣ ва ғорат барои 11 сол ба зиндон маҳкум шуда буд.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, дар моҳи сентяӣри соли 2012 дар зиндони шумораи яки пойтахти Тоҷикистон ба сурати мармуз ҷони худро аз даст дод. Пайвандони оқои Икромзода иддаъо доштанд, ки вай дар пайи шиканҷа кушта шудааст.

Вале масъулони зиндон ин иддаъоро бепоя хонда ва изҳор доштанд, ки Ҳамза Икромзода худкушӣ кардааст. Пайвандони оқои Икромзода изҳор доштанд, ки дар андоми вай осори шиканҷаро дидаанд.

Пайвандони Ҳамза Икромзода борҳо барои изҳори норизоятӣ нисбат ба мавзеъи мақомоти зиндон омодаи тазоҳурот шуданд. Вале ҳар бор ниҳодҳои интизомӣ ба василаҳои гуногун аз ин амр ҷилавгирӣ кардаанд.

Маҳмуроди Одина, раиси як созмони мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар остонаи баргузории додгоҳи имрӯз низ афроде номаълум Дилхоҳ, хоҳари Ҳамза Икромзодаро, таҳдид карда ва аз ӯ хостаанд, ки аз тақозои ғаромат барои марги вай дар зиндон сарфи назар кунад ва пайвандонаш дар додгоҳ ҳозир нашаванд.

Оқои Одина афзуд, ки вале алорағми чунин таҳдидҳо пайвандони Ҳамза Икромзода аз тасмими худ даст накашиданд ва ҷаласаи додгоҳ оғоз шуд.

Соҳибназарон баъид медонанд, ки додгоҳ битавонад дархости пайвандони оқои Икромзодаро қонеъ созад. Зеро дар ин сурат афроди зиёде дар Тоҷикистон, ки муътақиданд пайвандонашон дар асари шиканҷа ҷони худро аз даст додаанд, метавонанд бо даъвоҳои мушобеҳ ба додгоҳҳо муроҷиъа кунанд.

Мавзӯъи истифода аз шиканҷа дар зиндонҳо ва мавориди маргу мири мармузи зиндониён дар Тоҷикистон тӯли чанд соли ахир ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил шудааст.

Созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар пайваста аз давлати Тоҷикистон дархост мекунанд, ки истифода аз шиканҷа ва зӯр дар фаъъолияти ниҳодҳои интизомӣ маҳв шавад. Вале ба назар мерасад, ки то ҳол вазъ тағйир наёфтааст.

Би-би-сӣ