Талаби ҷуброни зарари маънавӣ ба маблағи 400000 сомонӣ аз ВКД

Бародари як нафари ҳалокшуда дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона Розиқов Давлатмурод санаи 5-уми январи соли 2024 бо аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани зарари маънавӣ ба маблағи 400000 сомонӣ нисбати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.
Хотиррасон менамоем, ки марҳум Розиқов Абдуқаҳҳор санаи 2-юми январи соли 2023 баъди аз ҷониби кормандони қисми навбатдории РВКД вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб дастгир шудан дар бинои РВКД вилояти Хатлон  фавтида буд. 
Марги Розиқов А. дар бинои РВКД вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб хашми сокинонро ба вуҷуд оварда, садҳо нафарони онҳо ба кӯчаҳо баромада, изҳори норозигӣ баён намуда буданд. 
Аз ҷониби Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб нисбати кормандони РВКД вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб - Кароматов Д. С., Холов З. К. ва Шарифзода Ш. Э. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 316, қисми 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд. Дар давоми тафтишоти пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ ба моддаи 1431 қ. 3, банди “б” (Шиканҷа)  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст карда шуда, баъди анҷоми тафтишот ба Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб барои баррасӣ ирсол карда шуда буд. 
Бо ҳукми Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб аз санаи 25-уми июли соли 2023 судшавандагон Кароматов Д. С., Холов З. К. ва Шарифзода Ш. Э. бо моддаи 1431 қисми 3, банди “б” (Шиканҷа) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ҳар яки онҳо 14 соли маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар мақомоти корҳои дохилӣ ба муҳлати 12 сол таъин карда шудааст. 
Розиқов Давлатмурод - бародари марҳум дар парвандаи ҷиноятӣ ҷабрдида эътироф карда шуда буд ва аз кирдорҳои собиқ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ӯ зарари маънавӣ расонида шудааст. 

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

NoTorture.Tj