Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International ба имзои муроҷиатнома (петитсия)-и дастаҷамъона ҷиҳати хотима бахшидан ба истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон ташаббус нишон медиҳад.
Созмон ҳодисаи рухдода бо Лӯъбат Бурҳоноваро таъкид месозад. Рӯзи 9-уми августи соли 2009 ба ин зан хабар медиҳанд, ки як рӯз қабл писараш Дилшодбек Муродов бар асари бемории дил дар зиндон ба ҳалокат расидааст. Вале ҳангоме ки ҷасадро ба хона меоранд, дар бадани фавтида осори зиёди латукӯби бераҳмонаро мебинанд. Бурҳонова бар ин назар аст, ки писараш бар асари шиканҷа ҳалок шудааст ва то ҳанӯз баҳри пойдории адолат мубориза мебарад.
Amnesty International хотиррасон мекунад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон тез-тез бо мақсади ба даст овардани эътирофи гуноҳ ба истифода аз шиканҷа рӯ меоранд.
«Аксари ҷабрдидагон аз шиканҷа бо ҷароҳатҳои ҷисмониву равонӣ дар тавқифгоҳҳои муваққатӣ қарор дошта, ба табобати дарозмуддат ниёз доранд ва чанде аз онҳо ба ҳалокат мерасанд. Онҳое, ки ҷон ба саломат мебаранд, пас аз мурофиаи судии ғайримунсифона ба зиндон маҳкум мегарданд», - менависад созмони ҳомии ҳуқуқ ва таъкид месозад, ки дар партави ҳамаи ин амалҳо моҳи ноябри соли 2012 президенти Тоҷикистон дар бораи таҳаммулнопазирӣ ба шиканҷа изҳори андеша карда буд.
Созмон даъват мекунад, ки баҳри кӯмак ба Лӯъбат Бурҳонова ва дигар афроди зиёди ба ин ҳолат дучоромада ҷиҳати даст ёфтан ба адолат ва ноил гардидан ба хотимаи шиканҷа дар Тоҷикистон ин муроҷиатнома ба имзо расад. Ба муроҷиатнома метавон бо нишонии зер имзо гузошт: www.amnesty.org/en/appeals-for-action/Tajikistan.
Amnesty International зикр мекунад, ки ин иқдомот қисмате аз амалҳои доманадор дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки ба огаҳии бештари ҷомеа аз шиканҷа ва таъсири ин падидаи номатлуб ба оилаҳои ҷабрдидагон тавассути баргузории силсилаи намоишгоҳҳои аксҳо равона шудааст.