Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 1-уми октябри соли 2024 онлайн-тренинги якрӯзаи «Мафҳум ва моҳияти озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар қонунгузории миллӣ» барои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, бахусус озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона бахшида шудааст.
Шахсоне, ки хоҳиши иштирок карданро доранд, метавонанд (бидуни бақайдгирии пешакӣ) аз соати 10:00 то 16:00 бо ин суроға ворид шаванд: https://meet.jit.si/NoTortureTj_Mezdunarodniy_mekhanizm.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаҳои «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг (тавассути ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон») ва «Ҳамоҳангсозии кӯшишҳо барои инъикоси иттилоот дар бораи озодӣ аз шиканҷа», ки аз ҷониби International Partnership for Human Rights - IPHR маблағзузорӣ мешавад, баргузор мегардад.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ тариқи суроғаи зерин муроҷиат намоед:
E-mail: notorture.tj@gmail.com